Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишти тирамоҳӣ дар Тоҷикистон қариб анҷом ёфтааст


Дар Тоҷикистон то имрӯз дар майдони 187 000 гектар кишти тирамоҳӣ анҷом шуда, танҳо 15 000 гектари дигар аз заминҳои барои кишти тирамоҳӣ ҷудошуда киштношуда боқӣ мемонад. Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли мақомоти вазорати кишоварзӣ навишт, ки 82 дарсади ин заминҳо барои кишти ғалла ихтисос ёфта, то имрӯз дар 168 000 гектар ғалла коштаанд.
Ба гуфтаи мақомоти ин вазорат, анҷоми хуби кишти тирамоҳӣ заминаи хуберо барои иҷрои барномаи таъмини амнияти ғизоии Тоҷикистон фароҳам хоҳад овард. Имсол дар Тоҷикистон 1 миллиону 200 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ шуд, вале ин кишвар барои таъмини мардумаш аз хориҷ ва бештар аз Қазоқистон низ садҳо ҳазор тонна орду гандум ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG