Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти аъзои гурӯҳи террористӣ дар Дания


Хадамоти кашфи Дания чаҳор нафарро бо иттиҳоми нақшакашии ҳамлаи террористӣ болои рӯзномаи маҳаллии Jyllands-Posten боздошт кард, ки карикатураҳои Муҳаммадро чоп кардааст. Хадамоти амният ва кашфи Дания мегӯяд, се нафар аз боздоштшудаҳо сокини Шветсия буда шаби сешанбе ба чоршанбе вориди Дания шудаанд. Аз миёни ин афрод яке марди 44-солаи тунисӣ, дигарҳо мардони 26 то 30-солаи шведии зода дар Лубнон ва Ироқ мебошанд. Раиси хадамоти кашфи Дания гуфт, ки нақшаи террори онҳо барбод рафт. Марди панҷӯме, ки метавонад як ҷузви ин гурӯҳи ба қавли полис мазҳабии террористӣ бошад, дар хоки Шветсия боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG