Пайвандҳои дастрасӣ

Путин таҷлили идро ба вазирон манъ кард


Имрӯз нахуствазири Русия Владимир Путин ба ҳама вазирони зери дасташ таҷлили соли навро манъ кард, то ки ба кӯмаки ҳазорҳо мусофирони дар фурудгоҳҳои Маскав шитобанд. Путин гуфт, ҳарчанд на ҳама чиз аз одам вобаста аст, аммо дар чунин шароити мушкил вазирон бояд сари кор монда кор кунанд. Рӯзе пеш раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев таҳқиқи ҷиноии қазияи дармондани мусофиронро дар фурудгоҳҳои Домодедово ва Шереметйево амр дод.
XS
SM
MD
LG