Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои русӣ қоидаи парвозро вайрон кардааст


Мақомоти Русия гуфтанд, ки шумори қурбониҳои сонеҳаи ҳавопаймои низомӣ шоми дирӯз ба 12 нафар баробар шуд. Додситонии Русия мегӯяд, ки бахши тафтишоти низомии он ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Сергей Жуков аз ин ниҳод гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ аз рӯи банди 351-уми Кодекси ҷиноӣ, яъне вайрон шудани қоидаи парвоз ифтитоҳ шудааст.
Кумитаи федеролии тафтишот мегӯяд, ки ҳавопаймои низомии навъи Ан-22, ки соли 1974 сохта шудааст, асосан барои интиқоли низомиён ва бору муҳимоти гаронҳаҷми ҳарбӣ истифода мешуд. Он рӯзи сешанбе дар минтақаи Тулаи ҷануби Маскав ба ҳангоми наздик шудан ба пойгоҳи низомии ҳавоӣ воқеъ дар минтақаи шимолуғарбии Твер суқут кард.
XS
SM
MD
LG