Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Рақибови бехона идома хоҳад кард


Атовулло Рақибов, соҳиби манзили тахрибшудаи деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод, ки ҳамроҳ бо аҳли оилааш дар назди идораи Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар Душанбе даст ба гуруснанишинӣ задааст, мегӯяд, то замони расидагии Зариф Ализода ба вазъи ӯ аз эътирози худ даст намекашад. Баҳсҳои додгоҳӣ муқаррар кардаанд, ки ҷаноби Рақибов дар худсарона ишғоли замин ва бунёди манзили истиқоматӣ дар ин деҳа гунаҳкор дониста мешавад. Мақомоти ноҳияи Файзобод сабаби хароб кардани ин хонаро аз сӯйи Атовулло Рақибов худсарона ишғол шудани қитъаи замин ва ғайриқонунӣ бунёд кардани манзили зист меноманд. Ва аммо худи Атовулло Рақибов ба ин гуфтаи мақомот розӣ нест ва мегӯяд, дар асоси қонун дар ин ҳавлӣ хона бунёд кардааст ва дорои сертификати ҳуқуқи истифода замин мебошад.
XS
SM
MD
LG