Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ҷиноӣ барои танқиди сохтмони Роғун


Хабаргузории Азия-плюс менависад, ки раёсати умури дохилаи вилояти Суғд як сокини 69-солаи ноҳияи Зафарободро барои ангезиши адовати миллӣ муттаҳам мекунад. Бар тибқи иттилои ин ниҳод, Абдусаттор Бобоев барои интиқоди ташаббуси давлат дар роҳандозии маъракаи фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун айбдор мешавад. Мақомоти ҳифзи қонуни вилояти Суғд мегӯянд, ки ин мард дар масҷиди Ҳазрати Алии ҷамоати ба номи Алиев дар моҳҳои май ва июни имсол бо лаҳни интиқод аз сиёсати давлат сӯҳбатҳо карда аз ҷумла маъракаи сохтмони Роғунро як сабаби муташанниҷшавии равобити миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон номидааст. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин шаҳрванд аз рӯи банди 189-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “барангезиши адовати миллӣ” боз шудааст.
XS
SM
MD
LG