Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти нӯҳ бомбгузори эҳтимолӣ дар Қирғизистон


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки нӯҳ нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар кӯшиши тарконидани бомба рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Бишкек ва бо иттиҳоми таркиши моҳи гузашта дар пойтахти ин кишвар боздошт карданд. Таркиши гузашта чаҳор нафарро маҷрӯҳ карда буд. Кенешбек Дуешбоев, раиси кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи нӯҳ боздоштшуда шаҳрвандони ин кишвар буда дар узвияти созмони ҷиҳодии мазҳабӣ айбдор мешаванд. Панҷ дастандаркори дигари таркиши рӯзи 30 ноябри кохи варзиши пойтахт ва ҳамчунин муттаҳам ба ҳамла болои як шаҳрванди Амрико, ки рӯзи 25 декабр мошинаш бо маводи зиёди мунфаҷира дар беруни сохтмони идораи полиси Бишкек ошкор шуд, аз рӯи иттилои ин мақом, ҳамоно мавриди пайгарди қонун қарор доранд.
XS
SM
MD
LG