Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Беларус дигар шуд


Александр Лукашенка, президенти Беларус ахиран Михаил Мясниковичро нахуствазири нави ин кишвар таъйин кард. Дар мӯҳлати камтар аз ду ҳафта баъди баргузории интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ, ки бо пирӯзии Лукашенка анҷомид, ӯ инчунин чаҳор муовини панҷ вазири амалкунандаи ҳукумати кишварро нав кард. Мясникович, ки то ин замон президенти Фарҳангистони улуми Беларус будааст, яке аз шахсиятҳои бонуфузи кишвар ба шумор меравад. Сергей Сидорский, нахуствазири барканоршуда ҳафт соли охир раҳбарии ҳукумати Беларусро ба ӯҳда дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG