Пайвандҳои дастрасӣ

Атовулло Рақибов, соҳиби манзили тахрибшудаи деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод ҳамроҳ бо аҳли оилааш дар назди идораи Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар, даст ба гуруснанишинӣ задаанд.

Ин сокини бехонамондаи ноҳияи Файзобод, аз субҳи имрӯз ба мақсади мулоқот ва ҳалли мушкилаш дар назди қабулгоҳи Зариф Ализода, Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар қарор дорад ва иддаъо дорад, ки то омбудсмен ба додаш нарасад, ин маконро тарк нахоҳад кард.



Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Рақибов, пас аз интизориҳо Зариф Ализодаро дар роҳрави қабулгоҳаш дучор омадааст ва вай гуфтааст, ки аз ин ҷо биравад, чун вай мушкилашро ҳал карда наметавонад.

Аммо бо ин ҳам, Атовулло Рақибов ҳамроҳ бо хонумаш Гулрӯ Ибодова ва панҷ фарзандаш, ки ноболиғ ҳастанд, дар назди бинои кории Омбудсмен умедвор аст, ки вай ба додаш мерасад.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси тамоми марҳилаҳои додгоҳӣ, Атовулло Рақибов дар худсарона ишғоли замин ва бунёди манзили истиқоматӣ дар ин деҳа гунаҳкор дониста мешавад ва ҳатто ду моҳе пеш нисбати вай ба иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Мақомот: Рақибов заминро худсарона ишғол кардааст

Мақомоти ноҳияи Файзобод сабаби хароб кардани ин хонаро аз сӯйи Атовулло Рақибов худсарона ишғол шудани қитъаи замин ва ғайриқонунӣ бунёд кардани манзили зист меноманд.

Ва аммо худи Атовулло Рақибов ба ин гуфтаи мақомот розӣ нест ва мегӯяд, дар асоси қонун дар ин ҳавлӣ хона бунёд кардааст ва дорои сертификати ҳуқуқи истифода замин мебошад.

Намояндагони ҳукумати ноҳия қасд доштаанд, ки манзили Рақибовҳоро ҳамвор намуда, роҳи мошин боз кунанд. Дар ивази тахриби ин хона, ба Рақибовҳо як порча замин ваъда шудааст, аммо Атовулло Рақибов мегӯяд, ки маблағи сохтмони бинои хонаро надорад.

Вай афзуд, соли 2009-ум низ мақомоти ноҳия 7 ҳуҷраи хонаи 8-ҳуҷраии ӯро бидуни огаҳӣ хароб карданд. Он замон худи ӯ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия будааст. Ҳоло оилаи 7-нафараи Рақибовҳо танҳо дар як ҳуҷраи бозмонда аз манзилашон ба сар мебурдаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG