Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду таркиши маргталабона дар Ироқ


Полиси Ироқ гуфт, ки субҳи имрӯз ду бомбгузори маргталаб ба як идораи полиси шаҳри шимолии Мосул ҳамла анҷом дода боиси кушта шудани худ ва як фармондеҳи полис шуданд. Бар тибқи хабари дигар, шаҳодатталаби сеюмро ҳангоми талош барои ворид шудан ба идораи федеролии полис нобуд кардаанд. Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш нагирифтааст. Ду рӯз пеш бар асари таркиши ду маргталаби бомбгузор болои сохтмони ҳукумати шаҳри ғарбии Рамодӣ 17 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG