Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкоршавии ду пинҳонгоҳи силоҳ дар Тоҷикистон


Азия-Плюс аз қавли вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ду рӯзи гузашта дар водии Рашт ва ноҳияи Мӯъминобод ду пинҳонгоҳи силоҳ ошкор шудааст. Як манбаъ ба ин оҷонс гуфтааст, ки дар паи амалиёти сохторҳои ҳифзи қонун захираҳои силоҳ дар боми яке аз сокинони деҳаи Қарашаҳри Рашт пайдо шуд, ки дар миёни он гранатомет бо тираш, ду автомати Калашников бо 18 тирдон ва норинҷаку корду дигар силоҳи оташфишон будааст. Пинҳонгоҳи дуюми силоҳ дар мавзеи Яхсуи ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ошкор шуд. Ходимони милиса аз дохили ин пинҳонгоҳ се норинҷаки дастӣ ва ду тирдони Калашниковро ошкор кардаанд.
XS
SM
MD
LG