Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Маскав аз ҳукми Ходорковский


Русия интиқодоти Ғарб аз ҳукми нави Михаил Ходорковский ва шарики ӯ Платон Лебедевро ғайриқобилиқабул ва талоши дахолат дар ҷараёни мурофиа унвон кардааст. Ин изҳороти вазорати хориҷаи Русия дар пайи мавҷи интиқодоти Амрикову Олмон ва кишварҳои дигар аз ҳукми навбатии додгоҳ алайҳи раҳбари собиқи ширкати нафти “Юкос” аст.

Таври маъмул, Ходорковский аз мунаққидони сарсахти сарвазири Русия Владимир Путин шинохта мешавад.

Вазорати хориҷаи Русия танқидҳоро маҳкум кард

Вазорати хориҷаи Русия дар як баёния талоши, ба таъбири ин ниҳод, фишор ва дахолат дар ҳукми додгоҳро ғайриқобилиқабул хонд ва бо як лаҳни бепарда гуфт, “умедвор аст, ҳар кас машғули кори худ хоҳад шуд, чӣ дар дохил ва чӣ дар умури байналмилалӣ.”

Ин изҳороти шадидуллаҳни Русия дар ҳолест, ки додгоҳи минтақаи Хамовникии Маскав 2 рӯз боз ба қироати ҳукми тӯлонии Михаил Ходорковский, нафаре, ки қаблан сарватмандтарин нафар дар Русия шинохта мешуд, идома медиҳад.

Ходорковский ва шарикаш Платон Лебедев аз соли 2003 ба ин сӯ дар боздошт қарор дошта, алакай бо ҷурми напардохтани молиёт ба 8 соли зиндон маҳкум шудаанд, вале ду рӯз пеш, ҳамагӣ чанд моҳ қабл аз расидан ба ҳаққи раҳоии пеш аз мӯҳлат, додгоҳи Хамовникӣ ҳардуро дар сирқати пули нафт ва шустушӯи миллиардҳо доллар муҷрим шинохт. Бар асоси ҳукми додгоҳ, онҳо ҳудуди 25 миллиард доллар пули нафти ширкати “Юкос”-ро рабуда, даромад аз ин ҳисобро пулшӯӣ, ё пинҳон кардаанд.

Интизор меравад, ки додгоҳ ҳукми ниҳоияшро то чанд рӯзи дигар эълон кунад, вале додситонҳо талош доранд, то Ходорковский ва Лебедев дастикам то соли 2017 пушти панҷараи зиндон боқӣ бимонанд.

Тарафдорони онҳо аммо бар ин назаранд, ки далели аслии таъқиби Ходорковский таҳдиди сиёсиест, ки раисиҷумҳури вақт ва сарвазири феълии Русия Владимир Путин аз аҳзоби мухолифро таъмини молӣ кардани ӯ ва эҳтимоли истифодаи нуфузаш алайҳи талоши Путин барои эъмори низоми худкомаи мабнӣ бар пули нафт дар Русия эҳсос мекард. Онҳо мегӯянд, ҳукми ахири додгоҳ амалан ба ин маъност, ки Ходорковский то соли 2012, яъне дуруст то замоне ки Путин, ба бовари ағлаб, ба мақоми раёсати ҷумҳурии Русия бар хоҳад гашт, дар зиндон хоҳад монд.

Интиқоди Амрико аз ҳукми Ходорковский

Аксари нозирони байналмилалӣ ин парвандаро имтиҳони пойбандии Кремл ба тааҳҳудаш ҷиҳати ҷорӣ кардани ҳукми қонун мешумурданд. Вале Кохи Сафед дар вокунишаш ба ин ҳукм гуфтааст, ки Маскав бар ин ваъдааш амал накардааст.

Баёнияи Кохи Сафед мегӯяд, ин ҳукм ҳокии нотавонии Русия барои тавсиаи равобиташ бо Амрико низ ҳаст. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар Маскав сиёсат бар ҳукми қонун дастболо шудааст.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Марк Тонер, ки матни ин баёнияро қироат мекард, гуфт: “Дар мурофиаи дуввум бо ҷароими сирқат ва шустушӯи пул муҷрим шинохта шудани Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев дар мавриди таъқибҳои ҷудогона ва зери сояи мулоҳизоти сиёсӣ қарор доштани ҳукми қонун суолҳои ҷиддиеро бармеангезад.”

Аммо вазорати хориҷаи Русия дар посух гуфт, ки “қазоват дар мавриди расидагиҳои ҷудогонаи додгоҳӣ дар Русия бепоя аст. Дар додгоҳҳои Русия ҳазорон парвандае баррасӣ шудааст, ки масъулиятҳои қонунии соҳибкоронро дар бар мегиранд.”

Аврупо низ нигарон аст..

Аммо танҳо Амрико нест, ки аз ҳукми нави Ходорковский изҳори нигаронӣ мекунад. Бритониёву Фаронса ва Олмон низ аз ин ҳукм башиддат интиқод кардаанд. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон низ гуфт, ин созмон “интизор дорад, ки Русия ӯҳдадориҳои байналмилалиаш дар соҳоти ҳуқуқи инсон ва ҳукми қонунро эҳтиром хоҳад гузошт.”

Аммо вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ин мавзӯъ марбути танҳо додгоҳҳои ин кишвар аст. Вадим Клювгант, як вакили Ходорковский вале гуфт, парвандаи муваккили ӯ ба масоили густардатаре, чун ҳуқуқи башар, бармегардад.

“Вазорати хориҷа мегӯяд, ки ин масъала танҳо ва танҳо марбути додгоҳҳои Русия аст. Вале ин мавзӯъи ҳуқуқи инсон аст. Дар Паймонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар омадааст, ки ин мавзӯъ фақат умури дохилии кишварҳо нест, балки ҳуқуқи инсон арзиши олиест, ки аз давлатҳои миллӣ болотар меистад. Шармандагист охир, набояд кишварро чунин шармсор кунем.”

Вакилони мудофеъи Ходорковский ва Лебедев гуфтаанд, ки аз ҳукми додгоҳи Хамовникӣ ба додгоҳҳои болотар шикоят хоҳанд бурд. Тасмиме, ки бо таваҷҷӯҳ ба баҳси бархоста бар сари нуфузи сиёсат бар кори додгоҳҳои Русия баъид аст, ки ба фоидаи ин ду маҳбуси сиёсӣ анҷом шавад. Дастикам то соли 2012, ки Путин ба курсии президентии Русия баргардад.
XS
SM
MD
LG