Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбулаҷали раҳбарони Африқо ба Гбагбо


Раҳбарони Африқои ғарбӣ ба раҳбари худхондаи Соҳили Оҷ Лоран Гбагбо шарт гузоштаанд, ки ба истеъфо равад ва тарки мақом кунад, вагарна ба имкони дахолати низомӣ аз хориҷ рӯбарӯ хоҳад шуд. Рақиби ӯ Алазан Аттарра аз сӯи ҷомиаи байналмилалӣ барандаи интихоботи моҳи гузаштаи раёсати ин ҷумҳурӣ шинохта шуд, вале Гбагбо аз эътирофи шикасташ даст кашид ва гуфт, ӯ қурбони тавтиъаи байналмилалии таҳти раҳбарии Фаронсаву Амрико алайҳи ин мустамликаи собиқи Порис шудааст. Раҳбарони Бенин, Серра-Леоне ва Капе Верде бо Гбагбо дар Абиҷон мулоқот карда, истеъфои ҳарчӣ зудтари ӯро талаб кардаанд, то ҳукуматаш ҳадафи амалиёти нирӯҳои Иттиҳоди кишварҳои Африқо қарор нагирад. Ин ҳайъат дирӯз дар Абиҷон бо Аттарра низ дидор доштааст. Бо ин ҳол, Идораи паноҳандагони СММ гуфт, то кунун ҳудуди 20 000 нафар аз тарси ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани буҳрони сиёсии Соҳили Оҷ аз ин кишвар ба Либерияи ҳамсоя паноҳ овардаанд.Раҳбарони Африқои ғарбӣ ба раҳбари худхондаи Соҳили Оҷ Лоран Гбагбо шарт гузоштаанд, ки ба истеъфо равад ва тарки мақом кунад, вагарна ба имкони дахолати низомӣ аз хориҷ рӯбарӯ хоҳад шуд. Рақиби ӯ Алазан Аттарра аз сӯи ҷомиаи байналмилалӣ барандаи интихоботи моҳи гузаштаи раёсати ин ҷумҳурӣ шинохта шуд, вале Гбагбо аз эътирофи шикасташ даст кашид ва гуфт, ӯ қурбони тавтиъаи байналмилалии таҳти раҳбарии Фаронсаву Амрико алайҳи ин мустамликаи собиқи Порис шудааст. Раҳбарони Бенин, Серра-Леоне ва Капе Верде бо Гбагбо дар Абиҷон мулоқот карда, истеъфои ҳарчӣ зудтари ӯро талаб кардаанд, то ҳукуматаш ҳадафи амалиёти нирӯҳои Иттиҳоди кишварҳои Африқо қарор нагирад. Ин ҳайъат дирӯз дар Абиҷон бо Аттарра низ дидор доштааст. Бо ин ҳол, Идораи паноҳандагони СММ гуфт, то кунун ҳудуди 20 000 нафар аз тарси ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани буҳрони сиёсии Соҳили Оҷ аз ин кишвар ба Либерияи ҳамсоя паноҳ овардаанд.
XS
SM
MD
LG