Пайвандҳои дастрасӣ

Президентҳо мехоҳанд Гбагборо ба истеъфо моил кунанд


Се президенти Африқои ғарбӣ ба манзури ба тарки мақом мутақоид сохтани раҳбари худхондаи Соҳили Оҷ Лоран Гбагбо бо ӯ мулоқот кардаанд. Дар пайи интихоботи пурбаҳси як моҳ пеши раёсати ин ҷумҳурӣ, Гбагбо аз таҳвили қудрат ба Алазан Аттарра, ки аз сӯи ҷомиаи байналмилалӣ ғолиби ин маърака шинохта шуд, даст кашид. Раҳбарони Бенин, Серра-Леоне ва Капе Верде мегӯянд, агар Гбагбо ихтиёран таслими мақом накунад, тавассути дахолати низомии кишварҳои Африқо барканор карда хоҳад шуд. Бо ин ҳол, Идораи паноҳандагони СММ гуфт, то кунун ҳудуди 20 000 нафар аз тарси ба ҷанги шаҳрвандӣ кашидани буҳрони сиёсии Соҳили Оҷ аз ин кишвар ба Либерияи ҳамсоя паноҳ овардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG