Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаниш Боқиевро дар Қирғизистон дидаанд


Як мақоми аршади вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, яке аз бародарони раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиевро дар чанд шаҳри ин кишвар зоҳир шудааст. Парвандаи Ҷаниш Боқиев, ки дар пайи барканории бародараш тарки Қирғизистон кард, ҳамроҳ бо парвандаи Қурмонбек Боқиев феълан дар ғайбаш дар додгоҳ баррасӣ мешавад.
Муовини вазири дохилаи Қирғизистон Мелис Турғунбоев гуфт, пулис иттилоъе дарёфт кардааст, ки Ҷаниш Боқиев тавассути Тоҷикистон ба Қирғизистон омада, аз Ӯшу Ҷалолобод ва Бишкек дидан кардааст. Аммо ӯ нагуфт, ки ин сафар кай иттифоқ уфтодааст. Худи Қурмонбек Боқиев баъди тарки кишвар карданаш дар Беларус паноҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG