Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қотили мардикори тоҷик дар Александров


Додгоҳи шаҳри Александрови вилояти Владимири Русия як навраси 16-соларо дар қатли муҳоҷири тоҷик муҷрим шинохта, ба 4 соли зиндон маҳкум кард. Матбуоти маҳаллӣ мегӯяд, ки ин ноболиғ дар моҳи августи соли 2009 ба як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон ҳамла оварда, ӯро то мурдан латукӯб кардааст. Муҳоҷири тоҷик бар асари захмҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст.
XS
SM
MD
LG