Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Востокредмет" кам-кам фаъолтар мешавад


Корхонаи “Востокредмет” дар вилояти Суғд имсол ба маблағи 950 000 сомонӣ, ё 215 000 доллар маҳсулот тавлид кардааст, ки назар ба як соли пеш 13 дарсад бештар аст. Ин корхона дар даврони Шӯравӣ барои саноати низомии вақт кор мекард ва аз ҷумла ба истихроҷи маъдани уран машғул буд. Вале дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ “Востокредмет” аксари тавлидоти пешинаш, аз ҷумла истихроҷи маъдани уранро қатъ кард ва акнун бештар махсуси тавлиди молҳои рӯзгор шудааст.
Ба навиштаи ношири ин хабар – ожонси “Азия Плюс”, тайи солҳои охир дар “Востокредмет” ба тасфияи маъдани тилову нуқра низ шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG