Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яхбандӣ кори фурудгоҳҳои Маскавро ба ҳам зад


Мақомоти Русия мегӯянд, вазъи фурудгоҳҳои Маскав рӯ ба беҳбуд ниҳода ва кори фурӯдгоҳ ба низоми маъмулӣ бармегардад. Обу ҳавои номусоид ва қатъи интиқоли нерӯи барқ боиси таъхири тахминан 200 парвоз аз фурудгоҳҳои Маскав дар се рӯзи ахир шуда буд.

Мусофирони сарсону саргардон дар терминалҳои фурудгоҳҳои эътироз ҳам роҳандозӣ карданд. Домодедово аз фурдугоҳҳои муҳими Маскав аст, ки бахши умдаи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ аз тариқи он ба ватани худ сафар мекунанд. Холо низ муҳоҷирони корӣ, ки барнома доранд соли навро дар ҳалқаи азизони худ истиқбол кунанд, гӯш ба эълон додаанд ва чашм ба таблои омаду рафти фурӯдгоҳ дӯхтаанд

Рӯзи сешанбе президенти Русия Дмитрий Медведев ба додситонии ин кишвар дастур дод, ки аксуламали хадамоти фурудгоҳҳои Маскав ба обуҳавои номусоиди рӯзҳои ахирро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор диҳанд.

Эътирози ҳазорҳо мусофир

Дар давоми се рӯзи гузашта бар асари таъхири парвозҳо ва қатъи интиқоли барқ ҳазорҳо мусофир дар ҳоли риққатбор дар терминалҳои фурудгоҳҳои Шереметево ва Домодедовои Маскав соатҳои тӯлонии интизориро пушти сар карданд. Дар баъзе ҳолатҳо мусофирон ба дод омада, эътирозҳои дастаҷамъӣ ташкил намуда буданд.

Weather Causes Chaos At Moscow Airports
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00


Идораи обу ҳавосанҷӣ иттилоъ медиҳад, ки борони шадид ва яхбандии баъд аз он сабабгори қатъи симҳои интиқоли барқ шуда, хатҳои парвозу нишаст ва худи ҳавопаймоҳоро зери қабари ях қарор дод.

Рӯзи сешанбе мақомоти Русия изҳор намуданд, ки дар фурудгоҳи Домодедово, ки бузургтарин майдони ҳавоии Маскав мебошад, вазъ ба тадриҷ ором мешавад.

Росавиатсия: Вазъ рӯ ба беҳбуд аст


Александр Нерадко раиси муассисаи ҳавоии Русия бо номи Росавиатсия мегӯяд, ки таъмини нерӯи барқ ба Домодедово барқарор шуд ва хадамоти фурудгоҳҳои корро дар низоми маъмулӣ идома медиҳанд.

Ӯ гуфт: “Аз 350 парвози таъхируфтода тахминан 250 парвоз 28-уми декабр ба нақша гирифта шудаанд, ки аз ин байн 100 парвоз ҳамон парвозҳои таъхирёфтаи рӯзҳои 26 ва 27-уми декабр мебошад. Иҷрои ин вазифа душвор аст, вале агар хадамот корро муназзам идома диҳанд, вазифаи иҷрошаванда аст.”

Сухангӯи фурудгоҳи Домодедово хонум Елена Галанова ба хабарнигорон гуфт, ки то соати 11:35 дақиқаи вақти маҳаллӣ 90 ҳавопаймо аз Домодедово ба ҳаво хеста, 78 ҳавопаймои дигар дар ин фурудгоҳ ба замин нишаст.


Вазъи риққатбори мусофирон


Рӯзҳои ахир мусофирони бандмондаи фурудгоҳҳои Домодедово ва Шереметево дар вазъи риққатбор қарор доштанд. Онҳо аз камбуди ғизо, нарасидани давову дармон барои мусофирони беҳолу бемадор ва дигар ниёзмандиҳо шикоят доштанд. Ба қавли онҳо фурӯшгоҳҳо ва ошхонаҳои фурудгоҳҳо бо истифода аз имкон нарху наворо фавқулода баланд карданд.

Вале Галанова мегӯяд, ки ходимони фурудгоҳи Домодедово бо мақсади рафъи вазъи бӯҳронӣ ба афзоиши соатҳои кориашон ризоят додаанд. Ӯ афзуд, ки мусофирон бо ғизо ва нӯшокиҳои бепул таъмин мебошанд ва ҳамчунон дар дохили фурудгоҳ нуқтаҳои иловагии кумаки тиббӣ бунёд шудааст.

Ҳамин гуна раиси фурудгоҳи Шереметево Михаил Василенко иброз дошт, ки ба тадриҷ вазъ дар ин фурудгоҳ ҳам ором мешавад, вале хабарнигори Радиои Озодӣ Павел Селин, ки рӯзи сешанбе дар қатори мусофирони бандмондаи фурудгоҳи Шереметево буд, мегӯяд, мусофирон ҳамон дар як бунбаст қарор доранду ҳеҷ маълум нест, ки парвозҳо чӣ гуна ва кай доир хоҳанд шуд.

Рӯзи сешанбе додистони нақлиётии шаҳри Маскав Евгений Поспелов гуфт, ки мақомот тафтиши сабабҳои таъмини номуназзами об ба ҳаммому ташнобҳои фурудгоҳҳо, қатъи таъмини барқ ва низоми таҷдиди ҳаво ё худ вентилятсия дар терминалҳои фурудгоҳҳоро оғоз намудаанд.

"фурӯдгоҳи Душанбе бо низоми маъмулӣ фаъолият дорад"


Фурудгоҳи Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG