Пайвандҳои дастрасӣ

Рад шудани дархости Фатҳуллоеви зиндонӣ


Додгоҳи олии Озарбойҷон имрӯз дархости бознигарӣ шудани ҳукми зиндони хабарнигореро, ки бо интиқодҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд, рад кард. Додгоҳ дар бозбинии ҳукми дую ним соли зиндони Айнулло Фатҳуллоев, ки барои қочоқи маводи мухаддир айбдор шудааст, мухолифат кард. Фатҳуллоев, ки сардабири як нашрияи мунаққиди давлат аст, аз соли 2007 инҷониб дар зиндон ба сар мебарад. Моҳи гузашта, баъди даъвати додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ба озодкунии журналист, чанд иттиҳоми зидди ӯ, аз ҷумла тӯҳмат ва таҳрики терроризм бекор шуд. Иттиҳомоти нигаҳдошти ғайриқонунии маводи мухаддирро ба ӯ моҳи июл таҳмил кардаанд.
XS
SM
MD
LG