Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон зимни як баёния хабари расонаҳои хориҷӣ дар бораи талошҳои тарконидани обанбори Каттасой ва бозори Истаравшанро такзиб карданд.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, номи афрод, манбаъи иттилоъ ва дигар далоиле, ки расонаҳои хориҷӣ ба истинод аз сомонаи русии «Сентразия» оварда шудаанд, бофтаву сохтаи муаллифон аст.

Ӯ афзуд: «Кормандони мо тайи чанд рӯзи ахир дар Истаравшан касеро бо номи Фирӯз боздошт накардаанд ва ҳамчунин кадом як узверо аз созмони «Байъат».

Иттилои зиддунақизи «Сентразия»

Қаблан сомонаи «Сентразия» иттилоъ дод, ки кормандони милисаи Тоҷикистон аз кӯшиши тарконидани обанбори Каттасой ва низ як инфиҷор дар бозори Истаравшан ҷилавгирӣ кардаанд. Ин сомона ба нақли қавл аз як манбаъ дар вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон менависад, як сокини шаҳри Истаравшан бо номи Фирӯз Бозоров, ки узви созмони «Байъат» будааст, дар посгоҳе дар масири Истаравшан — Хуҷанд боздошт ва аз мошини ВАЗ — 2107-и ӯ маводи мунфаҷира кашф шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки боздошти аъзои созмонҳои тундраву террристӣ дар Истаравшан чанд моҳ ба ин сӯ аз мавзӯҳои расонаҳои дохилу хориҷ будааст. Тибқи иттилоъи расмӣ, аз 33 узви Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, ки дар вилояти Суғд боздошт шудаанд, 21 нафар истаравшанӣ будаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, обанбори Каттасой, ки дар қисмати шарқии шаҳри Истаравшан ва деҳоти атрофаш воқеъ аст, ҳудуди 50 миллион куб об дорад ва дар ҳоли таркидани сарбанди 60 метрааш комилан ба шаҳр ва деҳаҳо сарозер мешавад. Вай афзуд, ҳамчунин бозори Истаравшан, ки ҳамарӯза серодам аст, бесабаб мавриди таваҷҷӯҳи «бофандагони дурӯғ» дар сомонаҳои хориҷӣ нест.

Ҳадафи пахши хабар чӣ буд?


Оқои Асадуллоев афзуд, барои ӯ маълум нест, ки кӣ ва барои чӣ хабари охирин дар бораи Истаравшанро пахш кардааст, аммо ҳадаф танҳо ба ҳарос овардани мардуми ин минтақа ва дар хориҷа вахим нишон додани вазъ дар дохили Тоҷикистон аст.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бар афзоиши ҳамчунин матолиби «беасос» дар шабакаи ҷаҳонии интернет ва сомонаҳои хориҷӣ таъкид карда, ҳамчунин мисол овард, ки рӯзи 12 декабр сомонаи «Сентразия» дар бораи ба сирқат рафтани 200 кило заҳр аз корхонае дар вилояти Суғд иттилоъ дода буд. Вай афзуд, дар пайи як бозрасӣ маълум шуд, ки ин матлаб ҳам аз тахайюлоти сомонаҳо баромадааст:

«Ин хабар ҳам метавонист дар миёни мардум овозаву ҳангомаҳо ба вуҷуд орад, ки хушбахтона, мардум ин ҳамаро мефаҳманд ва ба ин иғвоҳои расонаҳо дода нашуданд».


Дар ин матлаби «Сентразия» сухан аз дуздида шудани 200 кило кислотаи сиан аз корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон дар ноҳияи Масчоҳ, низ шимоли Тоҷикистон мерафт, ки ним миллилитраш одамро баъд 2 - 5 дақиқа ва ҳаҷми бештараш дарҳол мекушад. Дар ин матлаб масъулини амниятии соҳа ба саҳлангорӣ муттаҳам шудаанд.

Муҳаммадулло Асадуллоев гуфт, ҳифозати ин корхонаи муҳим мустаҳкам аст ва ягон вазъи фавқулодда, ки дар борааш сомона менависад, эълон нашудааст.

Идомаи «ҷанги иттилоотӣ»

Коршиносон иттилооти ахири, ба қавле, «ҳангомавӣ» дар бораи Тоҷикистонро идомаи як ҷанги иттилоотие унвон мекунанд, ки алайҳи ин кишвар чанд сол ба ин сӯ идома дорад.

Парвиз Муллоҷонов, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, соли 2010 дар қиёс бо солҳои дигар авҷи ин ҷанги иттилоотӣ буд, ки бештар аз ҷониби сомонаҳои Русия бо дасти муаллифони тахаййулӣ ба роҳ андохта шуд. Вай гуфт, то ҳаводиси Қирғизистон ҳамчунин ҷанг алайҳи ин кишвар низ ба роҳ андохта шуда буд ва ҳоло навбати Тоҷикистон аст.

Вай афзуд: «Ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳамчунин як маъракаи иттилоотиро роҳандозӣ кунад. Дар мавриди ҳар ҳодиса саръеан иттилоъи худро ба забонҳои англисиву русӣ ва ғайра нашр кунад. Сареъан ба ҳамчунин хабарҳои бардурӯғ посух бигӯяд. Ин як кори осон нест. Гап дар бораи як ҷанги иттилоотӣ меравад. Тавре мегӯянд, касе дар ин ҷанги иттилоотӣ пирӯз омад, дигар намудҳои ҷангро ҳам бурда метавонад. Дар ин ҷанг ҳар касе вокуниши хубтар кард, бурд, агар не, бой дод».

Дар сӯҳбат бо мо чанде аз масъулини ҳукуматӣ вокуниш ба матолиби сомонаҳои хориҷиро зарур надониста, онҳоро «утка» (яъне «мурғобӣ») ва «иғво» арзёбӣ карданд ва аз изҳори назар худдорӣ намуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG