Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВУД хабари омодагиҳо ба таркишро рад мекунад


Мақомоти интизомии Тоҷикистон зимни як баёния хабари расонаҳои хориҷӣ талошҳои тарконидани обанбори Каттасой ва бозори Истаравшанро такзиб карданд. Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, номи афрод, манбаъи иттилоъ ва дигар далоиле, ки расонаҳои хориҷӣ ба истинод аз сомонаи русии «Сентразия» оварда шудаанд, бофтаву сохтаи муаллифон аст:

«Кормандони мо тайи чанд рӯзи ахир дар Истаравшан касеро бо номи Фирӯз боздошт накардаанд ва ҳамчунин кадом як узверо аз созмони «Байъат».

Қаблан сомонаи «Сентразия» иттилоъ дод, ки кормандони милисаи Тоҷикистон аз кӯшиши тарконидани обанбори Каттасой ва низ як инфиҷор дар бозори Истаравшан ҷилавгирӣ кардаанд. Ин сомона ба нақли қавл аз як манбаъ дар вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон менависад, як сокини шаҳри Истаравшан бо номи Фирӯз Бозоров, ки узви созмони «Байъат» будааст, дар посгоҳе дар масири Истаравшан — Хуҷанд боздошт ва аз мошини ӯ маводи мунфаҷира кашф шудааст.
XS
SM
MD
LG