Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи Домодедово рӯ ба беҳбуд меорад


Мақомоти Русия мегӯянд, вазъи фурудгоҳҳои Маскав рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Александр Нерадко,раиси муассисаи ҳавоии Русия ё Росавиатсия мегӯяд, ки таъмини нерӯи барқ ба Домодедово барқарор шуд ва хадамоти фурудгоҳҳои корро дар низоми маъмулӣ идома медиҳанд. Обу ҳавои номусоид ва қатъи интиқоли нерӯи барқ боиси таъхири тахминан 200 парвозаз фурудгоҳҳои Шереметево ва Домодедовои Маскав дар се рӯзи ахир шуда буд. Рӯзи сешанбе президенти Русия Дмитрий Медведев ба додситонии ин кишвар дастур дод, ки амалкарди хадамоти фурудгоҳҳои Маскав ба обуҳавои номусоиди рӯзҳои ахирро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG