Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 кушта дар Вазиристони Шимолӣ


Дар паи ду ҳамлаи эҳтимолии мушакӣ болои як сохтмон дар Вазиристони Шимолӣ, воқеъ дар наздикии Афғонистон, дасти кам 8 нафар кушта шуданд. Мақомоти истихбороти Покистон мегӯянд, ки ҳамлаи аввал манзилеро дар минтақаи Ғуломхон хароб ва шаш нафарро ба ҳалокат расонд. Мақомот ҳарчанд дар бораи ҳуввияти кушташудаҳо хабар надоранд, вале мегӯянд, ҳамаи онҳо ҷангиён буданд. Баъди се соат, вақте гурӯҳе аз мардум барои бурдани ҷасадҳо рафтанд, ҳамингуна мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтанд. Мақомоти покистонӣ мегӯянд, ки эҳтимол дорад ин навбат дар миёни кушташудаҳо мулкиҳо ҳам буданд.
XS
SM
MD
LG