Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати хориҷаи Русия танқидҳоро маҳкум кард


Дар паи бологирии мавҷи интиқодҳо аз ҳукми додгоҳи сарватманди мунаққиди Кремл Михаил Ходорковский, имрӯз вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, талоши Ғарб барои “таъсиргузорӣ” ба додгоҳ ғайри қобили қабул аст. Изҳороти вазорати хориҷаи Русия инчунин бепояву асос будани иттиҳомоти зидди Ходорковскийро рад мекунад.
Дар ҳамин ҳол, қозӣ қироати ҳукми Ходорковскийро, ки дирӯз дар ғорати 218 миллион тонна нафт ва азхудкунии маблағҳо муттаҳам шуд, имрӯз ҳам идома дод. Гузоришҳо ҳокист, ки шояд барои анҷоми қироати 250 саҳифаи ҳукм қозӣ Виктор Данилкин чандин рӯзи худро сарф кунад. Ходорковский ва коршарики ӯ Платон Лебедев аз соли 2003 инҷониб барои азхудкунии маблағҳову напардохтани молиёт дар зиндон ба сар мебаранд. Ҳукми дирӯзаи додгоҳ мавҷи интиқодҳои мухолифон ва давлатҳои ғарбиву аврупоиро аз тобиши сиёсӣ доштани ин мурофиа баланд кард. Вадим Клювгант, вакили дифои Ходорковский имрӯз гуфт:

“Он чи ки мо дирӯз шунидем, танҳо ба ном як ҳукм аст. Ҳукм ин як амали низоми додгустарӣ аст ва дар қонун талаботе вуҷуд дорад, ки бояд ба он мувофиқат кунад. Вале ҳукм ба ин талабот ҷавобгӯ нест. Он чи ки додгоҳ ҳамчун ҷиноят арзёбӣ шудааст, дар асл ҷиноят нест, чунки хусусиятҳои марбут ба ҷиноятро надорад”.

Дар изҳороти Кохи Сафед аз “истифодаи таҳқиромези” низоми додгустарии Русия дар ҷараёни мурофиаи судӣ изҳори нигаронӣ мешавад. Олмон гуфт, мурофиа дар як шароити бисёр суолабарангез баргузор шуда, Русия бо ин кораш аз роҳи ислоҳоту навсозиҳо баргаштааст.
XS
SM
MD
LG