Пайвандҳои дастрасӣ

Бебандубории фурудгоҳҳои Маскав


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ба додситонҳо амр дод, ки масъалаи масдудшавии парвозҳо дар ду фурудгоҳи азими шаҳри Маскавро таҳқиқ кунанд. Дар давоми се рӯзи охир бо сабаби сардиҳои шадид ва бебарқ мондани фурудгоҳҳои Домодедово ва Шереметево беш аз 200 парвоз масдуд шудааст. Хатҳои парвози ин ду фурудгоҳро қабати хатарноки ях пӯшондааст. Павел Селин, хабарнигори телевизиони НТВ рӯзи сешанбе аз фурудгоҳи Шереметево дар Маскав чунин гузориш дод:

“Ман ҳоло дар терминали D-и фурудгоҳи Шереметево қарор дорам. Ман вазъи инҷоро чун як шикасту бебандубории сартосарӣ сифат дода метавонам. Мардум на фақат ба ҷое парвоз карда наметавонанд, балки дар бораи парвозҳо ҳеҷ иттилое дарёфт карда наметавонанд. Ҳеҷ як намояндаи расмии фурудгоҳ ё ширкати “Аэрофлот” сари кор нест. Ҳама раҳбарият куҷое пинҳон шудаанд”.

Аз ин пеш додситони нақлиётии Русия гуфт, ки таҳқиқи иллатҳои масдуд шудани парвозҳоро тавассути ду фурудгоҳи азими шаҳри Маскав – Домодедово ва Шереметево шурӯъ кардааст.
фурудгоҳ шикоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG