Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Элтон Ҷон соҳиби писар шуд


Овозхони маъруф Элтон Ҷон ва ҳамсари ҳамҷинси ӯ соҳиби як писар шуданд. Бар тибқи гузоришҳо писаре бо исми Захарӣ Ҷексон Левон Фӯрниш-Ҷон аз зане бар тибқи қарордоди пешакӣ бо вазни 3,6 кг рӯзи ҷашни Милоди Масеҳ дар Калифорния ба дунё омад. Ҳуввияти ин модари ба истилоҳ кироя маълум нест. Ин фарзанди нахустини Элтон Ҷон ва Дейвид Фӯрниш аст, ки аз соли 2005 инҷониб ҳамзистӣ мекунанд. Соли гузашта ин ҷуфти ҳамҷинсҳо ният доштанд тифли олуда ба вируси HIV-и украиниро ба фарзандӣ хонанд, вале қонунгузории ин кишвар монеи чунин нияти онҳо шуд.
XS
SM
MD
LG