Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Корномаи Ассанжро ба шакли китоб чоп мекунанд


Муассиси сайти интернетии WikiLeaks Ҷулиан Ассанж бо як чопхонаи амрикоӣ ба тавофуқ даст ёфтааст, ки дар бораи ҳаёти шахсӣ ва созмони ифшогари худ китобе чоп кунад. Дирӯз ношири Ню-Йорк Алфред Кнопф таъйид кард, ки ин ширкат бо Ассанжи 39-сола ба чунин як созише даст ёфт ва қарор аст ин китоб соли 2011 нашр шавад. Худи Ассанж дар сӯҳбат бо нашрияи Sunday Times гуфт, шарти созиши ҳосилшуда ин аст, ки бо ивази 1,3 миллион доллар маблағ қимати ҳимояи қонунии ӯ ва ҳам таъмини кори WikiLeaks таъмин хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG