Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи масдудшавии парвозҳо аз Маскав


Додситонҳои Русия имрӯз таҳқиқи сабаби масдуд шудани парвозҳоро тавассути ду фурудгоҳи азими шаҳри Маскав – Домодедово ва Шереметево шурӯъ карданд. Дар давоми се рӯзи охир бо сабаби сардиҳои шадид ва бебарқ мондани фурудгоҳҳо беш аз 200 парвоз масдуд шудааст. Хатҳои парвози ин ду фурудгоҳро қабати хатарноки ях пӯшондааст. Дар изҳороти додситони нақлиётии Русия гуфта мешавад, ки таҳқиқи ин вазъ ба хотири таъмини ҳуқуқи мусофирон анҷом мешавад. Мусофирони дар фурудгоҳ чанд рӯз дармонда аз мушкилоти марбут ба набуди об дар хонаҳои дастшӯии фурудгоҳ, набуди барқ ва низоми поккории ҳаво дар дохили сохтмони фурудгоҳ шикоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG