Пайвандҳои дастрасӣ

Лютсенко айбмониҳоро рад мекунад


Вазири пешини умури дохилии Украина Юрий Лютсенко иттиҳомоти зидди худро, ки боиси рӯзи якшанбе боздошт шудани вай гардид, рад мекунад. Ҳизби Лютсенко мегӯяд, ки ин мард дар робита бо таҳқиқи ҳодисаи заҳролудшавии раиси ҷумҳурии пешин Виктор Юшенко дар соли 2004 боздошт шудааст, вале мақомот мегӯянд, вазири пешин дар робита бо иттиҳомоти нав дастгир шудааст. Ахиран худи Лютсенко дар додгоҳ гуфт, ки боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дорад:

“Ман намефаҳмам, ки ин ҷо чӣ гапу чӣ кор аст. Оё ин додгоҳ ба боздошти рӯзи якшанбеи ман иртибот мегирад ва ё ин ки марбут ба иттиҳомоти як моҳ пеш аст? Моҳи гузашта ман аз додситонӣ баъзе ҳуҷҷатҳоро дарёфт кардам ва ҳоло мантиқи ин ҷараёнҳоро дарк карда наметавонам”.

Дар гузашта додситонӣ ӯро барои сӯиистифода аз мақом ва ғорати пулҳои давлатӣ айбдор кардааст. Лютсенко дар канори нахуствазири собиқ Юлия Тимошенко яке аз саромадони инқилоби норанҷии Украина будааст. Дар паи он рӯйдодҳо натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ Виктор Янукович, ки ҳоло президенти Украина мебошад, аз пирӯзӣ маҳрум шуда буд.
XS
SM
MD
LG