Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алиакбари Сиёдат эъдом шуд


ИРНО, хабаргузории давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз гуфт, марде, ки барои ҷосусӣ ба манфиати хадамоти истихбороти Моссад муттаҳам дониста шуд, дар зиндони Эвини Теҳрон эъдом шуд. Дар хабар аз қавли додситонии кулли Эрон гуфта мешавад, ки Алиакбари Сиёдат барои шаш соли ҳамкориаш бо Моссад муҷрим дониста шуд. ИРНО мегӯяд, ки ин мард барои ироаи маълумоти истихборотӣ оид ба пойгоҳҳои низомии Эрон ва мушакҳои нирӯҳои посдорони инқилоб 60 ҳазор доллар подош гирифтааст. Гузориш мегӯяд, ки Сиёдат ду сол пеш ба ҳангоми кӯшиши тарки Эрон карданаш боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG