Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳкумияти Русия аз ҷониби ИМА ва Олмон


ИМА ва Олмон дар сафи пеши кишварҳое қарор гирифтанд, ки муҷрим дониста шудани мунаққиди Кремл Михаил Ходорковскийро маҳкум карданд. Сарватманди ҳафт сол инҷониб зиндонӣ дирӯз дар ғорати амвол ва пул муттаҳам дониста шуд ва интизор меравад, ки дар чанд рӯзи дигар додгоҳ мӯҳлати буду боши нави ӯро дар зиндон муайян кунад. Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта мешавад, ки аз “истифодаи таҳқиромези” низоми додгустарии Русия дар ҷараёни мурофиаи судӣ дар ташвиш мондааст. Олмон ҳамчунин дар сафи пеши интиқодгарони кишварҳои аврупоӣ қарор гирифт. Дар изҳороти вазири умури хориҷа Гуйдо Вестервелле гуфта мешавад, ки додгоҳ дар як шароити бисёр суолабарангез баргузор шуда, Русия бо ин кораш аз роҳи ислоҳоту навсозиҳо баргаштааст.
XS
SM
MD
LG