Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду нафар ба иттиҳоми ҳамла ба як тоҷири чинӣ


Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ду нафарро бо иттиҳоми ҳамла ба як тоҷири чинӣ боздошт кардааст. Ҷалолиддин Садриддинов, масъули матбуотии вазорат ба РО гуфт, яке аз онҳо бекор ва дигаре донишҷӯ будаанд, ки номашон ба далели ворид нашудани халал ба таҳқиқи парванда, ифшо намешавад.

Тибқи иттилои ин манбаъ, қаблан Лу Зин, соҳибкори чинӣ, ки дар дар бозори «Корвон» фаъолият мекунад, аз сӯи се нафар мавриди латукӯб қарор гирифта, ғорат шуда буд.

Соҳибкори чинӣ ба зудӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардааст. Бар пояи шикояти ӯ, ҳамла рӯзи 26 декабр сурат гирифта, ҳамлаварон 1,4 ҳазор доллари амрикоӣ ва 17 ҳазор сомонии ӯро ба ғорат бурдаанд.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ фавран ҳамлаваронро дастгир мекунанд, ки ҷавонони сини 20-21 сола будаанд

Ин дар ҳолест, ки вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чанд рӯз қабл аз боздошти як гурӯҳи муташакили ҷиноӣ, ки муддати тӯлонӣ ба содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он машғул будаанд, хабар дода буд.

Нигаронии сокинон

Боздошти ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар ҳолест, ки бархе аз сокинони маҳаллаҳои Зарафшон ва Испечаки шаҳри Душанбе аз пайдо шудани афроди ҷиноятпешаи ғоратгар ва ба дуздии воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла худравҳо даст задани онҳо иҳзори нигаронӣ кардаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ин далолати он аст, ки бо вуҷуди иқдомоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар пойтахти Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам мизони ҷиноятҳои ғорату дуздӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Ҷинояте, ки дар ҳафтаи пеш дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор, воқеъ дар 15 км -и ғарби шаҳри Душанбе иттифоқ афтод ва сару садоҳоеро дар миёни мардум ба бор овард, кормандони раёсати кофтукоби ҷиноии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро водор сохт, то пай таъқиби як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ шаванд.

Зеро он гуна, ки Нурулло Орифов, сардори раёсати кофтукоби ҷиноии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба РО гуфт, «таърихи 14-уми декабр, шабона панҷ нафар бо истифода аз силоҳи оташнишон ва ба рӯи худ ниқоб кашида ба корхонаи «Фулузоти Зарнисор»-и шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор ворид гашта, дасту пойи онҳоро баста ва аз он ҷо маблағи беш аз 50 ҳазор долларро ғорат карданд».

Ҷинояткорон дастгир шуданд

Ба гуфтаи Нурулло Орифов, гурӯҳи вижаи кормандони раёсати кофтукоби ҷиноии вазорати корҳои дохилӣ ва маъмурони интизомии ноҳияи Ҳисор дар як амалиёти вижаи фаврӣ — ҷустуҷӯӣ тавонистанд, омилони ин ҳодисаро мушаххас кунанд ва ҳамакнун ҳафт нафар аз аъзои ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дастгир ва дар боздоштгоҳи муваққат ба сар мебаранд. Дар ҳоле, ки нисбати ин гурӯҳ, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ҷаноби Орифов мегӯяд, таҳқиқоти муқаддамотӣ собит кардааст, ки дар раъси ин гурӯҳ Ромиш Ёров, директори генералии корхонаи хусусии «Манзар», соли тавалудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе қарор дорад ва аз корхонааш дасти кам 10 адад силоҳи мухталиф, таҷҳизоти мухобиротӣ ва ниқобҳо кашфу мусодира шудааст.

Ба таъкиди сардори раёсати кофтукоби ҷиноии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, таҳқиқи ин парванда, даст доштани ин гурӯҳ дар 8 ҷинояти махсусан вазнини ғоратгарӣ ва дуздиро ошкор карда ва маълум шудааст, ки онҳо муддати тӯлонӣ ба чунин аъмоли нангин машғул будаанд. Ба ин тартиб, дар сафи ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ҷавонони синашон 25 то 30 сола шомил будаанд, ки аз тариқи ҳамлаи ғоратгарона ба корхонаҳо, маблағи зиёди пулиро ба яғмо мебурданд.

.... мошиндузд ҳам дузд

Расул Шодиев, сокини маҳаллаи Зарафшон дар ин бора мегӯяд, «дар ҳафтаҳои ахир як раванди баде рӯ задааст, ки афроди ҷиноятпеша ба мошинҳои хусусии сокинон дар маҳаллаҳои 102, Испечак ва Зарафшон, даст мезананд. Як ҳамсояи моро мошинашро шикаста ва аз дохили он магнитофон ва он ҷи ҳаст, дуздиданд. Ду моҳи пеш аз стоянка ва ё истгоҳи мошинҳо як мошинро дуздида буданд. Барои ҳамин кафолат нест, ки чунин ҳодисаҳое рӯи надиҳанд».

Нурулло Орифов, Сардори раёсати кофтукоби ҷиноии вазорати корҳои дохилӣ низ чунин маворидеро таъид мекунад ва мегӯяд, «дуздии нақлиёт дар соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудаанд ва ҳоло танҳо як дуздии мошин мондааст, дигар ҷиноятҳои марбут ба ин ошкор шуда ва ҷинояткорон дастгир карда шуда ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Албатта мардум муроҷиат мекунанд ва вақте муроҷиат ҳаст мо чораҷӯӣ мекунем».

Афзоиши ҷиноят

Ба ин далел ҷомеашиносон низ бар ин боваранд, ки танҳо дар ҳамкории муштараки аҳолӣ бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, пеши роҳи ҷинояткорӣ ва аъмоли нангину нопоки ғоратгарону дуздон гирифта хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси омори расмӣ, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз 8 ҳазор ҷиноят дар қаламрави Тоҷикистон сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 8 дар сад кам мебошад, Аммо мояи таассуф он аст, ки дар ин муддат ҷиноятҳои дуздӣ ҳудуди 7 дар сад ва ғоратгарӣ 25 дар сад афзоиш пайдо кардааст.
XS
SM
MD
LG