Пайвандҳои дастрасӣ

Соли 2010 дар пасманзари бӯҳрони молӣ ва нигарониҳои амниятӣ, баҳси муҳоҷирону муҳоҷират гароиш ба самти муҳофизакорӣ дошт ва кишварҳои рушдкарда ба ҳади зиёд меҳмондӯст набуданд.

Онҳо ба назарияи ҷомеъаи чандфарҳангӣ ё ҳамзистии фарҳангҳои мухталиф дар як ҷомеъа машкук шуданд. Ва ҳамчунин дар ин росто баҳсҳое ҷараён гирифтанд, ки оё “одами бумӣ”- бояд чӣ гуна бошад?

Соли "хориҷиҳо ба хонаҳои худ биравед"

Агар дар соли 2009 бӯҳрони ҷаҳонии иқтисод аз муҳимтарин мавзӯъҳои сол унвон шуда буд, дар соли 2010, “хориҷиҳо ба хонаи худ биравед!” аз мавзӯъҳои аслии баҳсҳо буд.

Иёлоти Аризона бо тасвиби як қонун, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шадидтарин қонуни муҳоҷират номбар шудааст, ба пулис салоҳият дод, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро ҳадаф қарор диҳад ва аз кишвар хориҷ кунанд.

Дар Руссия мақомоти пойтахт бо нашри “кодекси сокини Маскав” ба хориҷиҳо машварат дод, ки кабобпазиву гусфанд сарзаниву дигар суннатҳои худро ба маҳзари ом нагузоранд ва дар хона барои худ анҷом диҳанд.

Фаронса қонуни манъи ҳиҷобу ниқобро тасвиб кард ва лулиҳоро ба Руминияву Булғористон ронд.

Изҳороти Меркел об дар рӯған рехт

Аммо ҳамовозии дастаҷамъона оиди мушкилоти муҳоҷират дар саросари Иттиҳоди Аврупо замоне ба гӯш расид, ки сарвазири Олмон Ангела Меркел эълон кард, ки таҷрибаи 50 солаи кишвараш бо муҳоҷират муваффақ набуд. Хонум Меркел гуфт: “Манзур аз чандфарҳангӣ ин аст, ки мо паҳлӯи якдигар зиндагӣ кунем ва аз якдигар хушнуд бошем. Аммо ин назария муваффақ набуд, комилан муваффақ набуд.”

Эътирофи Меркел гардиши аҷибе буд, дар Аврупо, дар қитъае, ки раҳбаронаш ин ҳама сол ба мавзӯъи муҳоҷирату ҳамоиш ва ин ки “аврупоӣ” будан чӣ маънӣ дорад, ҳамчун ба масъалаи ҳассос эҳтиёткорона бархурд мекарданд.

Изҳороти сарвазири Олмон мавқеъи муҳофизакоронро тақвият дод, ки дар баробари муҳоҷират мавқеъи шадид доранд ва ин равандро бар зарари амнияту иқтисод арзёбӣ мекунанд. Махсусан дар кишварҳое ки, шонаҳояшон дар зери бори нигарониҳои амниятӣ ва иқтисодӣ хам зада буд.

Дар соли 2010 гурӯҳҳои даҳшатафкан метрои Маскавро таркониданд ва инсонҳои зиёдеро ҳалок карданд. Талошҳои пиёда намудани амалҳои террористӣ дар Тайм Сквейри Ню Йорк ва Стокҳолм низ нигарониҳои амниятиро дар саросари дунё дучанд кард.

Чаро ин ҳама бархурд бо муҳоҷир?

Аммо нозироне мисли Одри Сингер, коршиноси соҳаи муҳоҷират дар пажӯҳишгоҳи Брукингси Вашингтон шеваи бархурди шадидтар бо муҳоҷиронро паёмади бӯҳрони иқтисодӣ унвон мекунад.

Ӯ мегӯяд: “ Коҳиши иқтисод рафтори муҳоҷиронро дигар мекунад ва муҳоҷирон дастрастарин ҳадаф барои нороҳатӣ шинохта мешаванд. Ин ба маъноест, ки муҳоҷир бештар аз ҳама ба нигарониҳои амниятӣ ва нигарониҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пайванд дода мешавад."

Созмони байналмилалии муҳоҷират теъдоди муҳоҷирон дар саросари дунёро 214 миллион шумурдааст. Дар сурати идомаи ҷараёни муҳоҷират то соли 2050, ин рақам ба 405 миллион баробар хоҳад шуд.

Ин пешгӯи аз як ҷиҳат бо афзоиши мардуми сину соли меҳнатӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд ва талоши онҳо барои дарёфти ҷойи кор дар хориҷ ва аз сӯи дигар ба камшавии муназзами аҳолӣ дар кишварҳои саноатӣ бастагӣ дорад. Гуфта мешавад, ки то нимаҳои аср, аҳолии кишварҳои рушдкарда то 25 дар сад коҳиш хоҳад ёфт ва ягона роҳи пур кардани ин халоъ, муҳоҷират хоҳад буд. Ҳатто кишварҳое мисли Олмон, ки ҳоло бо чолишҳое рӯ ба рӯ шудаанд, медонанд, ки дар дарозмуддат муҳоҷират роҳи наҷот хоҳад буд.

Ин воқеъиятро Руссия, кишвари муҳофизакоре, ки дар он ҳушунат алайҳи муҳоҷирон кори муқаррарӣ аст ва давлат низ дар ҳимояи ақалиятҳо дили нохоҳам дорад, дарк мекунад. Бархе аз русҳо аз ҳузури ҳудудан 12 миллион муҳоҷири корӣ, ки бахши бузурги онҳо аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз омадаанд, нороҳатанд. Аммо Кремлин ба ҷараёни муҳоҷират, ки бояд аҳолии Русияро аз коҳиши 14 сола боздорад, арҷ мегузорад.

Муҳоҷират-падидаи ғайри қобили баргашт

Алесандро Силҷ , раҳбари шабакаи байналмилаии марбут ба муҳоҷират, мақари он дар Рум мегӯяд муҳоҷират як падидаи ғайри қобили баргашт аст, мисли он ки ҷинро аз кӯза берун кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон боз ҳам хоҳанд омад, шояд аз пештара ҳам бештар:

“ Масъала набояд ин бошад, ки чӣ тавр ин ҷараёнро манъ кунем, ё на ҳамаро қабул кунем. Масъала ин аст, ки онҳо чи гуна бо мо хоҳанд буд ва мо чигуна зиндагиро ба онҳо пешниҳод мекунем?”.

Бо вуҷуди шикоятҳои зиёд аз муҳоҷират ва паёмади он, пажуҳишҳо баёнгари онанд, ки фоидаи ин раванд ба иқтисоди кишварҳо аз зарараи он бештар аст. Барои намуна, имсол дар Британия молиёте, ки муҳоҷирони корӣ аз Аврупои Шарқӣ ба давлат пардохт кардаанд аз фоидаи ба дастовардаи онҳо 37 дар сад бештар будаст.

Коршиносон мегӯянд, то замоне, ки коҳиши иқтисод аз байн наравад ҳамаи кишварҳо, бо шумули Иёлоти Муттаҳида сиёсати худро дар робита ба муҳоҷират шадидтар хоҳанд кард.

"Муҳоҷирати корӣ ба фоидаи иқтисоди ҷаҳон аст"

Аммо Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ба хотири нигаҳ доштани мувозинат дар муқовимати шадиди кишварҳо бо ин раванд мегӯяд, ки муҳоҷирати корӣ дар асл ба фоидаи иқтисоди ҷаҳон аст. Агар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон то соли 2025 14 миллион муҳоҷири дигарро қабул кунанд, ҷаҳон ба 356 миллиард доллар ғанитар мешавад ва бахше аз ин маблағҳо ба кишварҳои дар ҳоли рушд бармегардад.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират аз давлатҳои пешрафта даъват мекунад, ки муҳоҷиратро на ҳамчун омили харҷи захоир, балки омили калидии берун шудан аз буҳрони молӣ арзёбӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG