Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева: "Мо ба сӯи демократия роҳ мепаймоем"


Дар моҳи апрели соли 2010, замоне ки раҳбари вақти мухолифини Қирғизистон Роза Отунбоева дар пайи барканории раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиев ба маснади раҳбари ҳукумати ин кишвар нишаст, ӯ бо як обрӯи сиёсии поке вориди ин майдон шуда буд.

Дар гуфтугӯи ихтисосиаш бо хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Бурулкан Саригулова, Роза Отунбоева гуфт, кишвари ӯ акнун ба як раванди поккорие шурӯъ кардааст, ки расидагӣ ба воқеъиятҳои нави сиёсӣ ва татбиқи ин воқеъиятҳоро дар бар мегирад.

Радиои Озодӣ: Шумо рӯйдодҳои рӯзи 7 апрели соли 2010-умро чигуна таъриф мекунед? Ин “инқилоб” буд ва оё ба ҳадафҳояш расид?

Отунбоева: Дар соли 2005 (вақте Аскар Оқоевро барандохтанд), мо фикр мекардем, ки инқилоб кардаем. Мо бо як иродаи қавмӣ алайҳи фасод бархостем. Мутаассифона, ин инқилоб дуздӣ шуд. Режими Боқиев ҳатто бӯеро аз он ҳама боқӣ нагузошт. Ӯ ин рухдодро барои таҳкими қудрати шахсӣ ва барои хонаводаи худаш истифода бурд. Дар қиболи рӯйдодҳои 7-уми апрел, вожаи “инқилоб” як баёни оддист. Ба назари ман, мо дар роҳ ба сӯи поккории масоил қарор дорем. Мо ҷомиаро поккорӣ мекунем ва ба сӯи пайроҳаи демократия роҳ мепаймоем.

Радиои Озодӣ: Чаро онҳое, ки худро нирӯҳои инқилобӣ номида, аз демократияи парлумонӣ ҳимоят мекарданд, дар интихоботи парлумонии моҳи октябр даст ба пирӯзӣ наёфтанд?

Отунбоева: Мо шоҳиди ихтилофоти байни дағдағаҳои сиёсӣ ва воқеъият ҳастем. Гурӯҳе, ки дар ҷараёни инқилоб муттаҳид буд, дар ҷараёни интихобот пароканда шуд. Онҳо натавонистанд як нирӯи муттаҳид боқӣ монда, корзори пешазинтихоботиро ба роҳ андозанд. Онҳо мухолифони худро як гурӯҳи заифе донистанд, ки тавони дасту панҷа нарм кардан бо онҳоро надорад ва фикр мекарданд, ки мардум танҳо дар ҷониби онҳост. Онҳо зери таъсири чунин ақидаҳо монданд.

Радиои Озодӣ: Чаро Қирғизистон натавонист аъзои хонаводаи раисиҷумҳури собиқ Боқиевро, ки ба ҷиноёт айбдор мешаванд, боздошт кунад ва онҳо фирор карданд?

Отунбоева:
Ба ростӣ, бояд бигӯем, ки мо қадам ба қадам пой ба сӯи майдони машрӯъият мегузорем. То ин дам, кишварҳои ҳамсоя моро ба нишастҳои бузурги байналмилалӣ даъват намекарданд. Танҳо баъди раъйпурсии рӯзи 2-уми июн ман тавонистам дар нишастҳо ба ҳайси ягона мақоми машрӯъи Қирғизистон ширкат биварзам. Ҳатто баъди он ҳам, кишварҳои ҳамсояи мо ва дигар кишварҳои шарик мунтазири парлумон ва ҳукумати қонунманд нишаста буданд. Онҳо ин мавзӯъро асосӣ арзёбӣ мекарданд ва ба ҳамин далел, касе ба мо дар амри боздошт ва истирдоди аъзои хонаводаи Боқиев ва дигар мақомҳои баландпоя кӯмак накард.

Радиои Озодӣ: Акнун, ки ҳукумат ташкил шуд, оё вазъ тағйир кардааст?

Отунбоева: Феълан мо (барои истирдоди Боқиевҳо) замина дорем. Мо аз майдони конститутсионӣ хеле дур рафта будем ва танҳо имсол ба ин майдон баргаштем. Мо наметавонем ба манзури боздошти касе вориди қаламрави як кишвари дигар шавем. Мо медонем, ки Боқиев феълан дар Беларус ба сар мебарад. Барои муқоиса, Русия ҳам медонад, ки (Борис) Березовский дар Бритониёи кабир паноҳ мебарад, вале ҳатто ин қудрати бузурги ҷаҳонӣ наметавонад дар талоши истирдоди ӯ комёб шавад.

Радиои Озодӣ: Бархе мақомоти интизомии Қирғизистон мегӯянд, эҳтимоли бурузи даргириҳои байниқавмии моҳи июнро аз қабл медонистанд. Чаро ҳукумати шумо натавонист сари вақт пеши роҳи ин даргириҳоро бигирад?

Отунбоева: Далели аввал ва асосӣ - далели аслии ҳаводиси моҳи июн – ошӯби афроди ҷиноятпеша буд. Ин замоне буд, ки дар инҷо ҳанӯз халои қудрат буд: давлати Боқиев канор рафтаву аммо ҳукумати муваққат тоза рӯи кор меомад. Дар ҷануб аъзои хонаводаи Боқиев – доираҳои наздиктарини ӯ, ёрони ӯ ва онҳое ки мехостанд ӯро баргардонанд, (алайҳи ҳукумати ҷадид) исён карданд. Афроди ҷиноӣ хеле фаъол буданд ва барои дифоъ аз хонаводаи Боқиев ва манофеъи онҳо бархостанд. Аз ин рӯ, мо натавонистем пеши роҳи ин ҷинояткоронро сари вақт бигирем, чунки афроди қадиме, ки ба режими қаблӣ содиқ монда буданд, ҳамчунон дар ниҳодҳои амниятӣ ва пулис кор мекарданд. Мо бояд бархеи онҳоро ба манотиқи мухталиф мефиристодем. Аммо барои ин фурсат лозим буд.

Радиои Озодӣ: Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар моҳи сентябр дар ҳошияи Маҷмаъи умумии СММ бо шумо мулоқот кард ва Амрико вазъи Қирғизистонро бо таваҷҷӯҳ пайгирӣ мекунад. Русия низ айни корро анҷом медиҳад. Шумо тавозун байни нуфузи Амрико ва Русия дар кишварро чигуна муроот мекунед?

Отунбоева: Ман аз моҳи апрел ба ин сӯ бо раисиҷумҳур Медведев ва сарвазир Путин 5 ило 6 дафъа мулоқот доштам. Ман бо онҳо ҳам рӯбарӯ ва ҳам дар нишастҳо мулоқот кардам. Комёбиҳои мо низ ба равобити суннатии мо бо Русия бастагӣ дорад. Ҳудуди 300 000 шаҳрванди Қирғизистон феълан дар Русия ба сар мебарад. Худи ман 8 сол дар Маскав дар донишгоҳ ва сипас барои рисолаи докторӣ таҳсил кардаам. Аз ин лиҳоз, ман бо ин кишвар равобити наздик дорам. Амрико дар он сӯи уқёнус аст. Магар бад аст, ки ин кишвар ба Қирғизистон ва масоили рушди демократии мо, ба хотири кӯмак таваҷҷуҳ нишон медиҳад? Ман зидди ба афроди рӯ ба Амрикову рӯ ба Русия ҷудо кардани сиёсатмадорон мебошам. Ман нафаре ҳастам, ки аз манофеъи ҳукумат ва давлати Қирғизистон дифоъ мекунад. Амрикоиҳо имсол дар ҷараёни иҷлоси Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк аз миёни 200 кишвари дигар ба мо таваҷҷуҳи вижа нишон доданд. Яъне онҳо пешрафтҳои моро қадр мекунанд ва мехоҳанд, ки дар Қирғизистон демократия тантана кунад.

Радиои Озодӣ: Соле баъд, давраи раёсатҷумҳурии шумо анҷом меёбад. Марҳалаи баъдии зиндагии шумо чигуна хоҳад буд?

Отунбоева: Фикр мекунам, ки ман ба таври хастагинопазир ба Қирғизистон кӯмак хоҳам расонд. Ва на ҳатман дар ягон мақоми расмӣ. Дар ҳар сурат, ман кори зиёде метавонам бикунам. Ман дар саросари дунё робитаҳо ва тамосҳои фаровоне дорам. Ман дар дохили Қирғизистон, дар 7 вилояташ ҳазорон нафарро шахсан мешиносам. Ман талош ба харҷ хоҳам дод, то онҳоро низ барои кӯмак ба Қирғизистон ҷалб кунам. Ман ба манзури расидан ба ин ҳадаф, аз худ дареғ нахоҳам дошт.
XS
SM
MD
LG