Пайвандҳои дастрасӣ

Мавҷи интиқодҳо аз ҳукми нави Ходорковский


Амрикову Олмон дар мавҷи маҳкумияти байналмилалии ҳукми нави додгоҳи Маскав дар қиболи раҳбари собиқи ширкати нафтии “Юкос” ва мунаққиди Кремл Михаил Ходорковский пешсаф мебошанд. Кохи Сафед дар як баёния аз нақзи қонунҳои мурофиа ва ончӣ ки дар ин изҳорот “истифодаи зӯргӯёна”-и низоми додгоҳии Русия номида шудааст, изҳори ташвиш кард. Кохи Сафед афзуда, ки ин ҳукм тааҳҳуди Русия ба таҳкими ҳукми қонунро поймол карда ва тавони Маскав ҷиҳати тақвияти равобиташ бо Амрикоро латма мезанад. Олмон низ интиқоди шадиди Аврупо аз ин ҳукмро изҳор дошта, вазири хориҷааш Гвидо Вестервелле гуфт, шеваи пешбурди ин мурофиа хеле суолбарангез ба назар мерасид.
Додситонҳо барои Ходорковский ва шарики ӯ Платон Лебедев, ки аз соли 2003 ба ин сӯ адои ҳукми зиндон мекунанд, 6 соли дигар ҳукми изофӣ хостаанд.
XS
SM
MD
LG