Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигорони олмониро дар Табрез аёдат хоҳанд кард


Бино ба хабарҳо, мақомоти Эрон тасмим гирифтаанд, аёдати ду хабарнигори олмонии дар Эрон боздоштшударо ба пайвандони онҳо иҷозат диҳанд. Ин ду хабарнигор ба хотири пайгирии қазияи Сакинаи Аштиёнӣ, зане, ки бо ҷурми хиёнат ба шавҳар ба қатл аз роҳи сангсор маҳкум шудааст, сафари Эрон кардаанд. Мақомоти Олмону Эрон гуфтанд, ки пайвандони хабарнигорон дар роҳ ба сӯи шаҳри Табрез қарор доранд. Гузоришгар ва аксбардоре, ки барои рӯзномаи "Bild am Sonntag" кор мекарданд, моҳи октябр замоне дастгир шуданд, ки ба хотири мулоқот бо вакил ва писари Сакинаи Аштиёнӣ ба Табрез омаданд. Вакил ва писари Аштиёниро низ он замон боздошт шуданд. Эрон мегӯяд, ин ду олмонӣ бо раводиди сайёҳӣ вориди ин кишвар шуда, иҷозати расмӣ барои анҷоми корҳои хабарнигориро надоштанд.
XS
SM
MD
LG