Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ҲИУ имсол 52 кушта додааст


Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) гуфтааст, ҷангиёнаш тайи соли 2010 дар Афғонистону Покистон ва Тоҷикистон вориди набардҳо шуда, имсол 52 узви ин гурӯҳ ба ҳалокат расидаанд. ҲИУ гуфта, ки беш аз нисф аз ин шумор бар асари ҳамлаҳои ҳавоии “душман” кушта шудаанд. Ба навиштаи Франс Пресс, ин хабарро SITE, як гурӯҳи иктишофии мақараш дар Амрико аз як форуми исломӣ дастрас кардааст. ҲИУ гурӯҳи мазҳабиест, ки фаъолияташ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, манъ буда, феълан дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ мебарад. Мақомоти Душанбе мегӯянд, дар нооромиҳои ахири водии Рашт низ ҲИУ даст дорад.
XS
SM
MD
LG