Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Генерал Шамановро аз бемористон ҷавоб додаанд


Фармондеҳи нирӯҳои десанти ҳавоии артиши Русия генерал Владимир Шаманов дирӯз, баъди қариб 2 моҳи табобат аз бемористон рухсат шуд. Рӯзи 30 октябр дар ҷодае дар шаҳри Тула бар асари сониҳаи мошини хидматии Шаманов бо як мошини боркаши МАЗ, ки дар сари чанбараш шаҳрванди Тоҷикистон Давлатшоҳ Бегишоев нишаста буд, ронандаи Шаманов ҳалок шуда, худи ӯ ва сарҳанг Алексей Науметс, фармондеҳи дивизияи десантии Тула маҷрӯҳ шуданд.
Алайҳи Бегишоев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, Науметс то ҳол дар бемористон таҳти табобат қарор дорад.
XS
SM
MD
LG