Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки тайи панҷ соли оянда 100 лидери ҷавони тоҷикро тарбия кунад. Дар ин бора Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, дар як мулоқот бо ҷавонон ва донишҷӯён эълом кард.

Дар ин мулоқот ҷавонон аз он интиқод карданд, ки аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барои бедорсозии ҷавонон иқдомеро рӯйи даст намегиранд ва то ба ҳол ин ҳизбҳо аз ҷумла худи ҳизби наҳзат ягон лидери ҷавонро омодаву муаррифӣ накардааст. Дар ҳоле, ки дар таҷрибаи аҳзоби дигар кишварҳо, аз нерӯи лидерҳои ҷавон зиёд истифода мешавад.

Ҷавонон дар мулоқоти навбатӣ бо Кабирӣ аз мавзӯъҳои мухталиф, дар робита ба дину сиёсат ва давлат пурсон шуданд ва баҳсҳо карданд. Аммо мавзӯи аслии сӯҳбати раҳбари ҲНИТ нақши мусалмонон дар раванди ҷаҳонишавӣ буд. Ӯ ҷавононро ба илмомӯзӣ даъват намуд ва пайваста таъкид мекард, ки дар замони муосир танҳо бо роҳи касби дониши динӣ ва замонавӣ мешавад аз худ ҳимоя ва дар муқобили таҳоҷуми фарҳангӣ истодагарӣ кард.

Ӯ азҷумла гуфт: «Эътиқод ба танҳоӣ худ инсонро ба ҷое намебарад, эътиқоди холӣ, отифият ё эҳсосот инсонро ба тарафи ифрот, тундгароӣ мекашонад. Шумо биравед Қуръонро ҳифз кунед, ҳадисҳоро аз бар кунед, вале фикр накунед, ки ин ба шумо нафъе хоҳад расонд, агар дар паҳлӯяш андеша, маънавиёт, таҳлил ва дарки дурусти ин захираву сарвати илмӣ набошад. Вақти он расидааст, ки дигар ҳар як мусалмони ҷавон эҳсосоти худро бишканад. Ӯ бояд як ҷавшанӣ қавӣ аз арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ дошта бошад, вале бояд хеле амалгаро ва мантиқӣ бошад.»

Мусалмони муосир чӣ гуна бояд бошад?

Муҳиддин Кабирӣ афзуд, имрӯз ҳудуди 90 дар сади ҷавонони мусалмон зиёд эътиқодӣ ва эҳсосотӣ ба назар мерасанд. Аммо ба қавли ӯ, дар ҳоле, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон мусалмонон чун терорист шинохта мешаванд, бояд баръакс онҳо талош намоянд, то аз худ як чеҳраи мусалмони муосир ва донишманду мантиқиро муаррифӣ созанд. Ба суоли як ҷавон, ки мегуфт, барои чунин як шахс будан чӣ кор бояд кард, Муҳиддин Кабирӣ чунин тавсия дод:

«Барои худ як барнома бигзоред, ки ҳар моҳ як осорхонаи кишварро боздид кунед. Дар вақте, ки ба намозу рӯза ва таҳсилатон халал намерасонад, равед як намоишномаи театриро тамошо кунед. Ҳар моҳ як китоби бадеиро аз адабиёти ҷаҳонӣ бихонед. Шумо вақте, ки Қуръону Исломро медонед ва ҳамзамон бо фарҳангу адабиёти ҷаҳонӣ шинос мешавед, баъд дарк мекунед, ки масъулияту вазифаи як мусалмони муосир чӣ аст ва шумо аз дигарон чӣ тафовуте доред.»

Мулоқоти ҷавонон бо Муҳиддин Кабирӣ дар моҳ як маротиба сурат мегирад. Саидэҳсон, як донишҷӯи тоҷик, аз ин мулоқот тариқи сомонаи интернетии ҳизб огоҳ шудааст ва аввалин бор дар он ширкат кардааст. Ӯ мегӯяд, аз ҷумлаи аъзову тарафдорони ин ҳизб нест ва ба мулоқот танҳо барои шунидани назару андешаҳои Муҳиддин Кабирӣ чун як сиёсатмадори хубу боҷуръат рафтааст.

Ӯ мегӯяд: «Андешаҳои бисёр хуб шунидем, як ҷаҳон бардошт мекунад кас ва барои васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва диду масъалагузории як ҷавон бисёр мусоидат мекунад. Аслан истифодаи машваратҳои ин сиёсатмадор ба нафъи кор аст, агар имкон дошта бошам, ҳатман аз ин тавсияҳо истифода мекунам».

"Сиёсати нав"-и Кабирӣ

Акрами Абдуқаҳҳор, коршиноси ҷавони тоҷик, мегӯяд, ҳарчанд дар шароите, ки аксар ҷавонони тоҷик ба масоили сиёсии кишвар чандон таваҷҷӯҳ надоранд, барои бедорсозиву фаъол кардани онҳо ташкили чунин вохӯриҳо аз сӯйи аҳзоб ва як сиёсатмадорон бисёр муҳим аст. Аммо дар айни замон, меафзояд вай, дар ҳоле, ки ҳудуди 70 дарсади ҷомеаи Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ин вохӯриҳо як роҳи хуби ҷалби онҳо ба ҳизби наҳзат ҳам аст.

«Ҷаноби Кабирӣ ҷавононро даъват мекунад, ки танҳо ба дин нағӯтанд ва илмҳои замонавиро омӯзанду замонавӣ зиндагӣ кунанд ва ин аз сиёсати нави пешгирифтаи Кабирӣ дар рушди ҳизби ӯ дарак медиҳад. Шояд бо дарки он, ки танҳо бо мақсадҳои мазҳабиву динӣ ба мақсад наметавон расид ва бинобарин ҳоло бештар такя ба арзишҳову илмӣ дунявӣ доранд», -ҳадс мезанад ҷаноби Абдуқаҳҳор.

Коршиносон мегӯянд, Муҳиддин Кабирӣ аз сиёсатмадорони камшуморест, ки пайваста бо ҷавонон мулоқоти рӯ ба рӯ доир мекунад. Дар мулоқоти имрӯзаи ӯ бо ҷавонон қарор шуд, мулоқоти навбатии онҳо дар авохири моҳи оянда баргузор шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG