Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РЕС: Имсол 105 хабарнигор ба ҳалокат расидаанд


Соли 2010 дар 33 кишвари олам 105 хабарнигор ҳангоми ифои вазифа ба ҳалокат расидаанд. Дар гузориши созмони байнулмилалии хабарнигории Press Emblem Campaign (PEC), мақараш дар шаҳри Женева, Мексика ва Покистон хатарбортарин кишварҳо барои хабарнигорон номбар шудаанд. Соли равон дар ин ду кишвар 14 нафарӣ кормандони расонаҳои хабарӣ ҷон бохтаанд. Ба феҳристи кишварҳои барои хабарнигорон ноамн ҳамчунин Ҳондурас, Ироқ, Филиппин, Русия ва Колумбия шомил шудаанд. Ба иттилоъи созмон, аз аввали сол дар Русия панҷ хабарнигор ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG