Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли фаровонии ғалла дар Тоҷикистон?


Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, имсол дар саросари кишвар беш аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна ғалладона, аз ҷумла 700 ҳазор тонна гандум, ҷамъоварӣ шудааст.

Қутфулло Зиёдуллоев, сарвари Раёсати растанипарварии вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо он вуҷуд ки ин рақам дар қиёс бо соли гузашта камтар аст, дар қиёс бо ибтидои солҳои 90 бештар будааст.

Вай афзуд: «Ин натиҷаҳое, ки имрӯз ба даст овардем, барои мо қаноатбахш ҳастанд, зеро дар қиёс бо арқоми солҳои 1991 — 92 40 дарсад зиёд мебошанд».

Ҳосили хуби гандум ва... орди гароннарх


Вазорати кишоварзӣ дар ҳоле аз боло рафтани ҳосили гандум иттилоъ медиҳад, ки дар Тоҷикистон қимати як халта орд як ҳафтаи охир ба 4 то 5 панҷ сомонӣ ва тайи як соли ахир аз 70 то 130 сомонӣ боло рафтааст.

Қиматшо, як сокини пойтахт мегӯяд, фаровонии гандум, ки қаблан дар бозорҳои Тоҷикистон мушоҳида мешуд, ҳоло ба назар намерасад.

Ӯ мегӯяд: «Барои ҳамин қимат аст. Аммо шикамро, ки фиреб дода намешавад. Бояд чизе бихӯрӣ. Шояд қимат ҳам набошад. Аммо бо маошҳои ҳозира рост намеояд».

Тоҷирони бозорҳо мегӯянд, асосан ордеро мефурӯшанд, ки аз гандуми Қазоқистон ба даст омадааст. Гандуми дохилӣ, ба қавли тоҷирон, аслан ба бозорҳои кишвар ворид нашуда, дар анборҳои мардум хазина мешавад. Тоҷирони орду гандум мегӯянд, болоравии нарх тайи ҳафтаи охир ба беқурбшавии пули миллӣ пеши доллар вобастагӣ дорад.

Назар Алиев, як тоҷири орд дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт мегӯяд, Қазоқистон ҳанӯз тобистон ба далели камҳосилӣ қимати 1 тон гандумро аз 200 ба 400 доллар боло бурда буд. Вай афзуд, бо ин вуҷуд майли мардум бештар ба гандуми қазоқӣ аст:

«Шаноғон», «Саломат» ва «Асалӣ» - ордҳои қазоқиро бештар мехарад мардум. Ҳамонеро мегиранд, ки калорияаш бисёр аст. Нонвойӣ аст, деҳқонхӯр аст. Аммо ҳамааш аз Қазоқистон аст»

Афзоиши нархи озуқаворӣ

Тибқи иттилоъи расмӣ, эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар як сол ҳудуди якуним миллион тон гандумро ташкил медиҳад, ки 60 дарсади он аз Қазоқистону Русия ворид мешуд. Русия соли равон ба далели хушксолӣ содироти гандумро қатъ кард ва дар ҳоли ҳозир танҳо Қазоқистон фурӯшандаи гандум ба Тоҷикистон аст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон 15 дарсад боло рафтани қимати гандум ва дар кул маводи ғизоӣ на фақат дар Тоҷикистон, балки тамоми ҷаҳон дар соли оянда сӯҳбат мекунанд.

Фирӯз Саидов, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, дар ҷаҳон ва Тоҷикистон низ маводи аслӣ гандуму сӯзишворӣ ба шумор меоянд. Вай афзуд, ҳоло дар тамоми ҷаҳон нархи онҳо меафзояд, зеро аз ғалладона ҳам сӯзишворӣ ба даст меоранд ва болоравии қимати ғалладона ба коҳиши истеҳсоли сӯзишворӣ оварда, болоравии қимати гандум ва маводи сӯхт дар кул ба афзоиши нархи маводи ғизоӣ таъсир мерасонад.

Ӯ гуфт: «Гандум хӯроки чорвову парранда ҳам ҳаст. Маҳсулоте, ки аз онҳо ба даст меояд, қимат мешавад. Нархи сӯзишворӣ баланд шавад, нархи маводи ғизоӣ низ боло меравад. Ин қонуни иқтисодиёт аст».

Чораҳо барои пешгирии афзоиши нархҳо

Бадриддин Садриддинов, узви Кумитаи кишоварзӣ ва муҳити зисти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, пеш омадани мушкили маводи ғизоӣ аслан ба кишварҳои мутараққие рабт мегирад, ки бештар талабот ба маводи воридотӣ доранд. Вай афзуд, Тоҷикистон барномаҳоеро рӯи даст дорад, ки барои ҳалли ин мушкилот равона шудаанд.

«Ин барномаҳое ҳастанд, ки бо назардошти воқеияти кишвар гирифта шудаанд. Мақсад ҳам ҳамин аст, ки ин гуна бӯронҳои тавассути таъмини азолӣ аз маҳсулоти дохилӣ пешгирӣ карда шаванд»,
-афзуд ӯ.

Тоҷикистон соли 2009 Барномаи амнияти озуқаворӣ то соли 2015-ро қабул кардааст, ки бар пояи он кулли эҳтиёҷоти кишвар ба маводи ғизоӣ бояд аз дохил бароварда шавад. Ҳукумат барои соҳоти парандапарварӣ, чорводорӣ, боғу токпарварӣ ва ғайра 1 миллиарду 290 миллион сомонӣ тахсис додааст. Яке аз иқдомоти ҳукумати Тоҷикистон аз андоз озод кардани ширкатҳои воридкунандаи гандум аст.

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон зарфияти дар як сол истеҳсол кардани то 2 миллион тон гандумро дорад ва дар ҳоли ба истифода даромадани конҳои газу истеҳсоли сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин дар дохили кишвар тадобири барои амнияти озуқаворӣ пеш гирифтаи ҳукумат низ воқеӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG