Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси додгоҳи вижаи тафтиши тақаллуб дар интихоботи парлумонӣ


Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ташкили додгоҳи вижа ба хотири тафтиши далелҳои тақаллубу қонуншиканиҳо дар интихоботи парлумонии моҳи сентябрро пазируфт. Абдулвакил Умарӣ, як масъули Додгоҳи Олӣ, ба хабаргузории Пажвоки Афғонистон гуфт, ниҳоди нав, ки ба он панҷ коршиноси бахши ҳуқуқ шомиланд, ҳамин ҳафта ба кор шурӯъ мекунад.
Қарор аст, ки иҷлосияи нахустини парлумони нави Афғонистон рӯзи 20 январ шурӯъ шавад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз номзадҳои ноком то ҳанӯз эътироз алайҳи натоиҷи расмии интихоботи парлумониро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG