Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маводи таркандаи бастаи шубҳанок безарар гардонида шуд


Мутахассисон маводи тарканда дар як бастаи шубҳанокро, ки ба сафорати Юнон дар Рим фиристода шуда буд, безарар гардониданд. Дар бастаҳои шубҳанок, ки сафоратҳои дигар кишварҳо дарёфт намуданд, маводи тарканда ошкор нашудааст.
Аз ин пеш мақомоти Италия бо ишора ба таркиши бастаҳо дар сафоратҳои Швейсария ва Чилӣ ҳушдор дода буданд, ки дар арафаи Мавлуди Масеҳ ба ҳама намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ дар Рим хатар таҳдид мекунад. Ёдовар мешавем, бар асари таркишҳо дар сафоратҳои Швейсария ва Чилӣ ду нафар маҷрӯҳ шуда буданд.
Масъулияти ирсоли бастаҳоро як созмони байнулмилалии анархистӣ бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG