Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи ҳамдастони фирориҳо дар байни кормандони пулис


Масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, чанд тан аз кормандони собиқи Бозрасии давлатии автомобилӣ ба гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи мусаллаҳи фирорӣ, ки ахиран дар Афғонистон боздошт шуданд, мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

Ба таъкиди вазорати корҳои дохилӣ, ҳадсу гумонҳое вуҷуд дорад, ки ин афрод ҳангоми фирори гурӯҳи мусаллаҳ аз қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон кумак кардаанд.

Таъқиби гурӯҳи мусаллаҳ дар минтақаи Кӯлоб, ки дар ниҳоят тавассути нерӯҳои пулис ва амнияти Афғонистон дар таърихи 18 декабр дар деҳаи Дарқади улусволии Тахори ин кишвар боздошт шуданд, мақомоти интизомии Тоҷикистонро ба он водор кардааст, ки фаъолияти кормандони пулиси ин минтақаро мавриди санҷиш қарор бидиҳанд.

Таъсиси гурӯҳи вижа барои таҳқиқи ҳодиса

Ҳамзамон додситони кулли Тоҷикистон низ гурӯҳи вижаеро дар ин робита созмон додааст, ки ба он муфаттишони додситонии минтақаи Кӯлоб шомиланд ва фаъолияти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро мавриди бозрасӣ қарор медиҳанд.

Муҳибулло Шарифов, додситони минтақаи Кӯлоб, гуфт, ин гурӯҳи корӣ ҳолатҳои саҳлангорӣ ва хунукназарӣ дар кори масъулини милиса ва амнияти минтақаро таҳқиқ мекунад.

Мавриди санҷиш қарор гирифтани фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқи бархе аз ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар ҳолест, ки масири ҳаракати гурӯҳи мусаллаҳ, ки дар миёни онҳо маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амният буданд, мояи тааҷҷуби ҷомеа гардидааст.

Бозпурсии кормандони "ГАИ"

Ин сарусадоҳо низ баланд шудааст, ки аъзои ин гурӯҳ бидуни ҳамкорӣ ва кумак наметавонист қаламрави Тоҷикистонро ба қасди Афғонистон тарк кунад.

ГУфта мешавад, ин гурӯҳ бо кумаки чанд тан аз собиқ кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба Афғонистон убур кардаанд.

Аммо масъулони раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бар ин назаранд, ки гунаҳкор кардани касе дар ҳамкорӣ ва кумак ба ин гурӯҳи мусаллаҳ мантиқӣ нахоҳад буд. Зеро, ба таъкиди ин масъулон, дар гумон аст, ки ин гурӯҳ тавассути роҳи автомобилгард ба Афғонистон фирор карда бошад.

Ҳамакнун бо боздошти ин гурӯҳ дар қаламрави Афғонистон ва истирдоди чанд тани онҳо аз Кобул ба Душанбе, масъулини вазорати корҳои дохилӣ мӯътақиданд, ки даст доштан ё надоштани кормандони пулис дар ин ҳодисаро маълум хоҳад кард.

Истирдоди маҳбусони фирорӣ ба Душанбе


Ду рӯзи пеш чаҳор тан аз ҳафт нафари боздоштшуда аз Кобул ба Душанбе истирдод шуданд, ки дар миёни онҳо Ҳикмат Азизов, муллаққаб ба «Кӯри Малиш» ва Баҳромҷон Орифҷонов, ду тан маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти Тоҷикистон ҳастанд.

Ҳодисаи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амният дар шаби 22 ба 23 августи соли ҷорӣ иттифоқ афтод, ки бар асари он панҷ зиндонбон кушта шуд. Шоми 1-уми декабр дар мавзеи Дӯлонамайдони ноҳияи Балҷувон дар як ҳамлаи мусаллаҳона се нафар, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин ноҳия буданд кушта ва ду тани дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд.

Ҳарчанд ниҳодҳои қудратӣ ҳуввияти гурӯҳи ҳамлагар дар ин ҳодисаро то ҳол мушаххас накардааст, аммо гуфта мешуд, онҳо маҳбусони фирорӣ будаанд. Сипас изи пойи онҳо дар ноҳияи Восеъ ва Кӯҳи Хоҷамӯъмин, дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон пайдо гардид.

Бо гузашти чаҳор моҳ аз фирори ин гурӯҳи маҳбусон то кунун ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ 12 нафари онҳоро боздошт карда ва се тани дигар дар пайи муқовимати мусаллаҳона кушта шудаанд. Ба ин тартиб 10 нафари дигар аз маҳбусони фирорӣ дар озодӣ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG