Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: президент ё хони Қазоқистон?


Комиссияи марказии интихобот дар Қазоқистон пешниҳоди як гурӯҳ барои тамдиди давраи раёсати ҷумҳури Назарбоевро пазируфт. Бар асоси муқаррарот, ин гурӯҳ бояд на камтар аз 200 ҳазор имзо ҷамъ оваранд ва баъди он мардум дар раъйпурсӣ хоҳанд гуфт, то Назарбоев ду даҳаи дигар раиси ҷумҳури ин кишвар бимонад ва ё на.

Дар робита ба ин мавзӯъ, ки дар садри ахбори муҳими расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, Султонхон Юсуфов, аз бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт:

Ҷавоб: Рӯзи 27 декабр ва дар поёни охир соли 2010 ба хотири тамдиди салоҳиятҳои раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев то соли 2020, маъракаи ҷамъоварии имзоҳо барои баргузории раъйпурсӣ шурӯъ шуд. Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон аризаи гурӯҳи ташаббускор барои ҷамъоварии имзоҳоро сабт кард, ки мехоҳанд, то салоҳиятҳои раиси ҷумҳур тамдид шавад. Бар асоси Қонуни Асосӣ, барои баргузории раъйпурсӣ, ҳадди аққал 200 ҳазор имзо зарур аст. Бо назардошти баёнияҳои намояндаҳои ҳизби "Нуротан"-и раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев, ки ин ҳизб 700 ҳазор аъзо дорад, метавон гуфт, ки масъалаи ҷамъоварии имзоҳо аз пеш ҳал шудааст.

Суол: Ба ин гурӯҳи ташаббускоре, ки хоҳони тамдиди раёсати ҷумҳури Нурсултон Назарбоев аст, киҳо шомиланд?

Ҷавоб: Ин навбат пешниҳод барои раёсати ҷумҳурии якумрии Нурсултон Назарбоев, аз шарқи кишвар омадааст, дафъаи аввал аз ҷануби кишвар аз вилояти Актюбинск буд. Пешниҳод аз шарқи кишвар бесабаб нест, зеро тақрибан як моҳ пеш, яке аз раҳбарони мухолифини Қазоқистон, Олег Козлов, раиси ҳизби ғайрирасмии Олға, эълом кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2012 номзадиашро хоҳад гузошт. Зоҳиран ҳамин эъломи Олег Козлов, дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қазоқистонро нигарон кард, ки ӯ метавонад, дар интихоботи оянда тамоми орои мардуми русзабони Қазоқистонро соҳиб шавад. Теъдоди русзабонҳо кам нест ва онҳо бештар аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳанд.

Суол: Аммо худи пешниҳоди тамдиди раёсати ҷумҳурии Нурсултон Назарбоев ва он ҳам бидуни интихобот, барои ҷомеаи Қазоқистон ғайриинтизор буд ва ё гуфтугӯҳое аз пеш буд?

Ҷавоб: Идеяи раёсати ҷумҳурии якумрӣ ва ё тамдиди салоҳиятҳои Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури феълӣ ва ҳам пешвои миллат дар шаҳри Остона ва ё тамоми Қазоқистон аз дер боз матраҳ буд. Як вақт профессор Байдосов аз шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон чунин пешниҳоде кард, вале худи идея аз пеш матраҳ буд. Пешниҳоди гӯё як гурӯҳи вакилони мардумии порлумони Қазоқистон дар моҳи май барои додани унвони «пешвои миллат» ба Нурсултон Назарбоев, як аломати нарм аз пешниҳоди бузург буд. Яъне то охири сол ва ё соли оянда ҳукумат навоварие ба хотири баргузор накардани интихобот ва ё умуман лағви интихобот ворид хоҳад кард.

Суол: Мухолифони давлат дар Қазоқистон ба пешниҳоди тамдиди салоҳиятҳои раиси ҷумҳур Назарбоев то соли 2020 чӣ вокуниш карданд?

Ҷавоб: Табиист, ки мухолифини давлат, агарчӣ давлат онҳоро мухолифини ифротӣ меномад, эъломия нашр карданд. Онҳо аз раиси ҷумҳур Назарбоев хостанд, то ин ташаббусро дастгирӣ накунад ва ба он дода нашавад. Қарор аст, раҳбарони мухолифин дар ин робита нишастҳои хабарӣ баргузор кунанд. Ва метавон ҳадс зад, ки онҳо аз ҷомеа хоҳанд хост, ки ташаббуси баргузории раъйпурсӣ ба хотири тамдиди давраи раёсати ҷумҳурии Нурсултон Назарбоевро тарафдорӣ накунанд ва зери он ҳам имзо нагузоранд ва ҳам аз раиси ҷумҳур даъват хоҳанд кард, ки ин пешниҳодро напазирад.
XS
SM
MD
LG