Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвозҳо дар се фурудгоҳи Ню-Йорк лағв шуданд


Бар асари бориши барф кори се фурудгоҳи бузурги шаҳри Ню Йорк мутаваққиф шуда, беш аз 1400 парвоз лағв гардид. Ҳаракати қаторҳо миёни Ню-Йорк ва Бостон ҳам ба мушкил мувоҷеҳ шудааст.
Бориши барф ва шамоли тунд дар соҳилҳои шимолу шарқии ИМА идома дорад ва ҳадс зада мешавад, ки то шоми рӯзи душанбе баланди барф дар ин ҷо то 50 сантиметр расад. Бори аввал дар беш аз сад соли ахир дар рӯзҳои Иди Мавлуди Масеҳ дар бархе аз аёлоти ҷанубии ИМА, аз ҷумла, дар Ҷорҷия ҳам барф боридааст.
XS
SM
MD
LG