Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои номусоиди Маскав боиси саргардониҳо дар Душанбе шуд


Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе теъдоди бузурги мусофирон интизори парвоз боқӣ мемонанд. Сухангӯи фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев ба хабаргузории Азия Плюс гуфтааст, ки бо вуҷуди теъдоди бузурги мусофирон, фурудгоҳ дар низоми муқаррарӣ фаъолият мекунад. Ӯ афзуд, ки шаби гузашта ҳавопаймои хатсайри Душанбе-МАскав бар асари номусоидии ҳаво дар пойтахти Русия дар шаҳри Қазон фуруд омад. Гуфта мешавад, ки мусофирони ин ҳавопаймо то субҳи имрӯз дар ин шаҳр буданд
XS
SM
MD
LG