Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ли Мен Бак: Сеул омодаи зарбаи беамон ба Пхенян аст


Ли Мен Бак, раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ, изҳор намуд, ки кишвараш аз низоъи мусаллаҳона бо режими коммунистии Кореяи Шимолӣ ҳарос надорад. Дар як паёми радиоӣ ӯ гуфт, ки дар сурати дасисаҳои нави низомӣ аз сӯи ҳамсояҳои шимолӣ артиши Кореяи Ҷанубӣ “зарбаи беамони ҷавобӣ” хоҳад зад.
Ба гуфтаи Ли Мен Бак, "аз Шимол ба мо таҳдид мекунанд, зеро мехоҳанд ваҳдати моро халалдор намоянд. Аз ин рӯ мо ба ягонагии миллӣ ниёз дорем – қабл аз ҳама, дар ҳоле, ки гап сари зарбаи ҷавобӣ меравад. Агар мо ваҳдату ҳамбастагӣ намоиш диҳем, Шимол барои таҳдид ба мо ҷуръат нахоҳад кард".
Аз ин пеш ҳайати фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Кореяи Шимолӣ изҳор карда буд, ки “ба ҷанги муқаддас, дар сурати ногузории он”, омода аст.
Баъд аз зарбаи тӯпхонаи Кореяи Шимолӣ ба як ҷазираи марзии Кореяи ҷанубӣ дар рӯзи 23 ноябр, ки бар асари он чаҳор нафар, аз ҷумла, ду сокини осоиштаи Кореяи ҷанубӣ кушта шуданд, Сеул ва Пхенян дар ҳоли омодабош ба ҷанг қарор доранд.
XS
SM
MD
LG