Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 нафар дар ду таркиш дар Ромадӣ


Бар асари ду таркиш дар ғарби Ироқ дасти кам 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар маркази шаҳри Ромадӣ, маркази вилояти Наҷаф, тақрибан ҳамзамон ду мошине инфиҷор карданд, ки паси фармони онҳо маргталабҳо нишаста буданд. Ба иттилоъи расмӣ, бештари кушташудагон – кормандони полисанд. Дар ин ҳодисаҳо тақрибан 30 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки шояд теъдоди қурбониёни инфиҷорҳо афзоиш ёбад.
XS
SM
MD
LG