Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав имрӯз раҳбари пешини ширкати “Юкос” Михаил Ходорковский ва шарики кории ӯ Платон Лебедевро дар ғорати пулҳои давлатӣ айбдор донист. Ин дуюмин мурофиа алайҳи соҳибкори маъруф аст ва аз тарафи коршиносон чун як парвандаи сиёсӣ арзёбӣ мешавад.

Қозии додгоҳ Виктор Данилкин зимни қироати ҳукм гуфт, “додгоҳ муқаррар кард, ки Ходорковский ва Лебедев бо истифода аз мақоми худ ва машварати пешакӣ бо гурӯҳи одамон, даст ба ғорати моли бегона заданд”.

Ходорковский боз ҳам айдор дониста шуд

Гуфта мешавад, ки дар оғоз додгоҳ ин дуро дар ғорати 350 миллион тонна нафт айбдор мекард, вале дар ҳукми ниҳоӣ сухан дар бораи 218 миллион тонна нафт меравад. Инчунин додгоҳ гуфт, ки муттаҳамон дар шустушӯи пули “бо роҳи ҷиноӣ” ба дастомада гунаҳгор мешаванд.

Аз рӯи гуфтаи қозӣ, Ходорковский ва Лебедев 487 миллиард рубли русӣ ва 7,5 миллиард доллари амрикоӣ аз фурӯши нафтро “қонунӣ” кардаанд. Ҳукми додгоҳ инчунин мегӯяд, ки бо сабаби сипарӣ шудани мӯҳлати зиёд аз содир шудани ҷиноят, иттиҳомоти марбут ба ғорати саҳҳоми “Ширкати шарқии нафтӣ” бекор мешавад.

Баъди ин, бар тибқи иттилои хабаргузориҳо, қозӣ аз намояндагони матбуот дархост кард, ки толори мурофиаро холӣ кунанд. Интизор меравад, қироати ҳукм чанд соат давом кунад.



Ходорковский ва Лебедев аз соли 2003 инҷониб барои напардохтани молиёт ва тақаллуб дар зиндон ба сар мебарад. Он замон, онҳо барои напардохтани молиёт ва ғорати амволи давлатӣ ба мӯҳлати ҳашт сол маҳкум ба зиндон шуданд. Эҳтимол меравад, ки имрӯз ин ду нафар, тибқи тақозои ҷониби айбдоркунанда, ба 14 соли зиндон маҳкум шуда, дар маҷмӯъ то соли 2017 аз озодӣ маҳрум шаванд.

Мурофиаи пурсару садо

Мурофиаи мазкур боиси таваҷҷӯҳи зиёди ҷомеаи байналмилалӣ ва матбуоти ғарбӣ шуд. Аз назари коршиносон, даъвои Ходорковский барои курсии президентӣ сабаби аслии асабонияти нахуствазир Владимир Путин ва мавриди таъқиби мақомоти ҳифзи қонун шудани ин марди сарватманди Русия гардид.

Дар мусоҳибаи ахири телевизиониаш зимни посух додан ба саволи як сокини Русия, ки “чаро Ходорковский бояд як умр дар зиндон монад”, раҳбари ҳукумат Путин гуфт, ки “дузд бояд дар зиндон бошад”.

Ин изҳороти ӯ аз ҷониби гурӯҳҳои ҳуқуқи башар чун “фишор болои додгоҳ пеш аз содир шудани ҳукм” мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Дар суханони охирини худ дар додгоҳ, моҳи гузашта худи Ходорковский аз қозӣ даъват карда буд, ки ба ҳангоми содир кардани ҳукм, “мустақилона амал кунад”.
XS
SM
MD
LG